ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Россия

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Россия

14 август 2023, Душанбе
22
0


Дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд. 
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ гаштанд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақа мубодилаи афкор намуданд. 


Омодагӣ ба вохӯрии машваратии  сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Дар Душанбе машварат оид ба масъалаҳои омодагӣ ба вохӯрии панҷуми ҷашнию машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. 
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни нишаст лоиҳаҳои рӯзномаи вохӯрии машваратӣ, изҳороти муштараки сарварони давлатҳо ва дигар санадҳое, ки ба имзо расиданашон аз рӯйи натиҷаҳои саммити Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд. 


Мулоқот бо роҳбари  маркази минтақавии СММ
Мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи вижаи дабири кулли СММ, роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ перомуни дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, инчунин, масоили обу иқлим, пойдории сулҳу бехатарии минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Вохӯрии намояндагони ниҳодҳои давлатӣ бо тоҷикони муқими Россия
Дар шаҳри Москва вохӯрии намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон ва чеҳраҳои маъруф аз ҳисоби тоҷикони муқими Россия баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, забономӯзӣ ва омодагии пеш аз сафар табодули афкор сурат гирифт. Аз тоҷикони муқими ин кишвар хоҳиш шуд, ки ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ мусоидат намоянд.


Маротибаи аввал дар Тоҷикистон амалиёти «Тасмаи бехатарӣ»
Дар ҳудуди  ҷумҳурӣ таҳти унвони «Тасмаи бехатарӣ» амалиёти шартӣ гузашта истодааст. 
Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мо шарҳ доданд, вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирон ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад. Мақсади амалиёт баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва пешгирии фалокатҳои роҳу нақлиётии дорои оқибатҳои вазнин  буда, то 20 август идома меёбад. 


Ёддошти ҳамкорӣ миёни  телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио  ва телевизиони Пекин
Дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамогарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» иттилоъ додааст, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба масъалаҳои  амалисозии тарҳҳо дар самти омодакунии кадрҳои соҳаи синамо, афзудани намоиши филмҳои Тоҷикистон дар Чин ва аз Чин дар Тоҷикистон, сабти филмҳои муштарак, хусусан таҳияи филмҳои аҳамияти  таърихидошта  табодули афкор  карданд. Телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки он  ба рушди бештари ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард. 

Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив