«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО БА ЖУКОВСКИЙ БАРҚАРОР ВА БА ҶИДДАВУ АЛМААТО ЗИЁД КАРД
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳоро дар масири Душанбе – Москва (фурудгоҳи Жуковский) – Душанбе барқарор кард. Аз Душанбе ба Жуковский парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзи сешанбе ва аз Жуковский ба Душанбе рӯзи чоршанбе роҳандозӣ мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 22:20, аз фурудгоҳи Жуковский соати 02:00 (шаби чоршанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад. Парвозҳо дар ин масир аз 15 август шуруъ мегарданд ва дар ояндаи наздик ба ду парвоз дар як ҳафта расонда мешавад.
Зикр бояд кард, ки ширкати ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳрҳои Ҷидда ва Алмаато ва аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Домодедовои Москва меафзояд. Аз 17 августи соли равон парвозҳо аз Хуҷанд ба Домодедово ва бозгашт ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Аз 19 август бошад, парвозҳо дар масири Душанбе – Алмаато – Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Алмаато 16:00 муқаррар шудааст. Аз 3 сентябр «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Ҷидда ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:50, аз Ҷидда 02:50 мебошад. Ширкат, ҳамчунин, тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе – Махачкала – Душанбе роҳандозӣ намуда, онҳоро аз Душанбе ба шаҳрҳои Самара ва Қазон, ҳамчунин, аз Хуҷанд ба Сургут биафзояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)