ВАРЗИШ. БЕҲТАРИНҲОИ СОЛИ 2022 ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ГИРИФТАНД
13 феврал дар Кохи “Парфенон” (Душанбе) бо ширкати муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022 баргузор гардид. Дар чорабинӣ мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки соли гузашта дастовардҳои баланди варзиширо соҳиб гашта буданд, тақдим шуд. Дар иртибот ба ин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат 568 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо гашт.
Ба иттилои сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода, тибқи натиҷагирӣ, ба 34 варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50 000 сомонӣ мукофотпулиҳо супурда шуд.
Ҳамин тариқ, ба Темур Раҳимов, Шодмон Ризоев, Нуралӣ Эмомалӣ (дзюдо) ва Асламҷон Азизов (гӯштии юнонӣ-румӣ) дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ (ба ҳар кадом) тақдим гашт. Моҳрӯ Ҳалимова (таэкван-до ВТ), Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) ва Мустафо Ахмедов (гӯштии тарзи озод) 20 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Инчунин, аз риштаи бокс Баҳодур Усмонов (20 ҳазор сомонӣ), Муҳаммад Аброриддинов (30 ҳазор барои ду ҷоиза), Давлат Болтаев (15 ҳазор), Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Шаҳбоз Ҳаитов, Сумая Қосимова, Некрӯз Салимов, Абдумалик Болтаев, Анӯшервон Фазилов (10-ҳазорӣ), Хусравхон Раҳимов, Расул Аҳадов, Малика Нозимова, Нурланбек Эрматов, Ҳусния Холова, Фирӯз Мирзораҷабов, Рустамҷон Ашӯров, Ҳангома Исоева, Руслан Ғафуров, Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов (5-ҳазорӣ) мукофот ба даст оварданд.
Аз намуди гӯштӣ Муҳаммадамин Абдуллоев, Алиризо Баҳромов (тарзи озод), Исоджон Нурахмадов, Суннат Абдуллоев (юнонӣ-румӣ) соҳиби 10 ҳазор сомонӣ гаштанд. Ҳамчунин, Ҳусейн Ҳасанов, Муҳаммад Абдуҳакимзода (гӯштии юнонӣ-румӣ) ва Нурулло Муродов (таэквон-до ВТФ) 5 ҳазор сомонӣ (ба ҳар кадом) ҷоиза гирифтанд.
Гузашта аз ин, ба мураббиёни варзишгарон, то 10000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.
Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз намуди олимпии варзиш дар соли 2022 дзюдочии кишвар Темур Раҳимов эътироф гардид. Байни ҷавонон ҷаҳонпаҳлавон Эмомалӣ Нуралӣ беҳтарин варзишгар гашт. Аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш муштзани маъруф Шавкатҷон Раҳимов беҳтарин варзишгар дониста шуд. Миёни бонувон беҳтарин варзишгар дар соли 2022 чемпиони ҷаҳон оид ба бодибилдинг Ясмина Ан-Нимр гардид.
Ҳамин тавр, тими миллии футболи Тоҷикистон (беҳтарин дастаи варзишӣ), Суҳроб Абдураҳмонов, (беҳтарин мураббӣ), Фаррух Собиров (беҳтарин мураббӣ байни ҷавонон), Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (беҳтарин федератсияи варзишӣ аз намуди олимпӣ), Федератсияи гӯштини миллӣ “гӯштингирӣ”-и Тоҷикистон (беҳтарин федератсияи варзишӣ аз намуди ғайриолимпӣ), шаҳри Душанбе (беҳтарин шаҳри варзишӣ), Академияи футболи клуби итолиёвии “Ювентус” (беҳтарин иншооти варзишӣ) ва мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 6 оид ба намудҳои гӯштии шаҳри Душанбе (беҳтарин мактаби варзишӣ) эътироф шуданд.
Ҳамчунин, дар номинатсияҳои “Варзишгарнавраси умедбахш дар соли 2022”, “Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш”, “Беҳтарин шореҳи варзиш”, “Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” беҳтаринҳо муайян гаштанд.
Як қатор кормандони фаъоли соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар соли 2022 дар рушди соҳа саҳми созгор гузоштанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 650 варзишгари кишвар дар 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 548 медал (150 тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ) ворид намуданд. Ин нишондод нисбат ба як соли қабл 150 медал зиёд мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)