СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. ИДОМАИ РУШДИ МУНОСИБАТҲО ВА ТАҲКИМИ ЭЪТИБОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023
Вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳронҳои ҷаҳонӣ амиқ мегарданд. Илова бар ин, мушкилоти марбут ба обу иқлим ба сифати яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ аз мавзуъҳои меҳварии рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ дониста мешавад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо баёни ин матлаб изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири ин омилҳо, нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои сиёсати хориҷии кишвари мо марҳилаи навбатии идомаи иқдомҳои созанда ва расидан ба натиҷаҳои назаррас ба шумор меравад. Дар ин робита, яке аз натиҷаҳои асосӣ дар фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳим барои ҷомеаи байналмилалӣ, – ин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (22-24 март, Ню-Йорк) буд, ки бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар доираи Конфронс, доир намудани намоишгоҳу чорабиниҳои фаҳангии бозгӯкунандаи таъриху тамаддуни антиқии миллати тоҷик дар Ню-Йорк, эътибору нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид.
Вазири корҳои хориҷӣ дар идомаи суҳбаташ бо хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки Тоҷикистон дар самти дипломатияи иқтисодӣ низ бо гузарондани ҳамоишҳои муҳими муаррифкунандаи зарфиятҳои соҳибкорию сармоягузорӣ берун аз ҷумҳурӣ ва ба имзо расондани қарордодҳои ҳамкорӣ миёни ширкату муассисаҳои ватанию хориҷӣ, ба ҳадафҳои пешбинишуда ноил гашт. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки нахустин ҳамоиши сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар пойтахти Англия шаҳри Лондон, ки 28-29 март баргузор шуд, соҳибкорони ду кишварро ба ҳам овард. Байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи 370 миллион доллари ИМА ба имзо расонда шуд. Ҳамзамон, 3 май дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки дар натиҷаи он 60 санади нав ба маблағи 2,6 миллиард доллари ИМА ба имзо расид. Инчунин, дар заминаи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон (8 май) 6 ёддошти тафоҳум ба тасвия расид, ки маблағи он 43 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
18-уми май дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони беш аз 40 ширкати бонуфузи чинӣ доир гашт. Гузашта аз ин, дар доираи кори комиссияҳои байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Австрия ва Ҷопон масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, дурнамои рушди минбаъдаи онҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, тиҷорат, кишоварзӣ ва илму фановарӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чун анъана, дар пешбурди муносибатҳо бо давлатҳои ИДМ тамаркузи асосӣ ба тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва идомаи густариши ҳамкории иқтисодӣ карда шуд. Зимни суҳбатҳои телефонии Президенти кишвар бо роҳбарони давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон раванди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва робитаҳои гуманитарӣ дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ гардид.
Маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ҳангоми сафари кории Раиси ҳукумати Россия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон, ки мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба ҳузур пазируфта шуд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз натиҷаи дигар вохӯрию музокироти ҷонибҳо зимни ин сафар 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар бораи густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар нахустин Муколамаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир (30 март, Лондон) масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф ва илм, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои муҳими ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
– Дар оянда низ моро вазифаҳои муҳим ва масъулиятнок интизор аст. Вазорати корҳои хориҷӣ чиҳати баргузории якчанд чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз қабили вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, омодагии ҷиддӣ мебинад,– гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)