ФАЙЗОБОД. МАРКАЗҲОИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД
Аҳмадшоҳ Тавакалов, роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Файзобод, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият" гуфт: “Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот, ки чандсолаҳо таъмирро надида буданд, тармим шуданд”. Ба гуфтаи мавсуф, то кунун 14 маркази саломатии деҳот аз таъмир бароварда шуда, айни ҳол сохтмони маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Чашмасор идома дорад. Инчунин, дар маркази ноҳия сохтмони бинои ёрии таъҷилӣ дар ҳолати анҷомёбист.
Иншооти мазкур аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ва дар сохтмони он 20 сокини маҳаллӣ ҷалб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки таъмири марказҳои саломатӣ бо маблағгузории Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст.
– Соли равон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 4 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ ва 6 яхдони нигоҳдории доруворӣ дастрас гардид, – тазаккур дод Аҳмадшоҳ Тавакалов.
Номбурда иттилоъ дод, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 16 маркази саломатии деҳот, 32 бунгоҳи тиббӣ, 6 маркази соҳавӣ ва маркази саломатии ноҳия фаъолияти босамар дорад. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 57 табиб ва 243 ҳамшира ба 117 ҳазор аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин мекунад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)