ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

14 феврал 2023, Сешанбе
52
0
КОРРУПСИЯ
Ду нафар ба милитсия пора дода, ба дасти прокурор афтид
Суди ноҳияи Рашт шаҳрвандон И.Ҷолдошов ва У.Сайфиддиновро барои додани пора ба шахси мансабдор (моддаи 220, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) гунаҳкор шинохта, ҳар кадомро ба муҳлати 6-солӣ равонаи зиндон кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, И. Ҷолдошов, истиқоматкунандаи ноҳияи Лахш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон У.Сайфиддинов ва А. Жолдошов барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳабс озод намудани падараш шаҳрванд Х. Жолдошов ба кормандони РВКД дар ноҳияи Рашт ба сифати пора 15 000 сомонӣ пешниҳод менамоянд. Вале ҳангоми додани пора ба муовини ШТҶ РВКД дар ноҳияи Рашт, подполковники милитсия Э. Бобизода шаҳрвандон И. Ҷолдошов ва У. Сайфиддинов аз тарафи кормандони прокуратура ва милитсия дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
 
 
 
ҒОРАТГАРӢ
Милитсия дузди бозори  Корвонро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашид
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ дар ҶДММ бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар як рӯз ва аз ҷониби як нафар содир шудааст.
Тавре хабар дода мешавад, шахси гумонбар ба дуздӣ сокини ноҳияи Восеъ буда, 6 феврал даст ба ин амали ҷинояткорона задааст. Номбурда нимаи дуюми ҳамон рӯз тариқи пинҳонӣ борхалтаи занони 29-сола ва 48-солаи сокинони пойтахтро, ки дар дохилашон либосҳои гуногун буд, дуздидааст. Зарари расондашуда, мутаносибан 5000 ва 8000 сомониро ташкил дода, айни ҳол вобаста ба ҳолатҳои дуздӣ тафтишот идома дорад. 
 
 
 
РАШК
Аъмоли марди кордбадаст тафтиш мешавад
Дар шаҳри Истаравшан марде, ки аз ӯ ҷавони 23-сола ном бурда мешавад, ҳамсари худ ва додарарӯсаш - ноболиғи 8-соларо бо зарби корд захмӣ кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса 9 феврали соли ҷорӣ дар манзили истиқоматии волидайни ҳамсари ин марди кордбадаст аз ҳиссиёти рашк ба амал омадааст. Дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив