СУҒД. АРҶГУЗОРӢ БА МАОРИФ АРҶГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ
Чанде пеш дар вилояти Суғд бо иштироки Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, 50 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ғолибони озмуну олимпиадаҳо гардиданд, ҳамроҳ бо омӯзгоронашон қадр шуданд. Дар маҷмуъ, 345 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ ба онҳо чун туҳфа супурда шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Раиси вилоят дар ҳузури омӯзгорону хонандагон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф изҳор дошт, ки ҷиҳати тақвияти густурдаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иқдомҳои шоиста амалӣ мегарданд.
– Маҳз, дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф ва муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо, медалҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили гузашта 769 хонанда дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, 63 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 489 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ сазовори ҷойҳои ифтихориву ҷоизаҳо шуданд. Барои чунин натиҷаҳои назаррас 31 омӯзгори пешқадаму навовар қадр гардиданд. Фаъолияти намунавии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва дастпарварони онҳо аз тарафи давлату Ҳукумат оянда низ шоиста арҷгузорӣ мешавад, –гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Мукофотҳо тибқи қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят” супурда шуда, маблағи умумии имсолаи он 345 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар баробари афзудани дониш, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ бисёр муҳим мебошад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 172
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)