МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАИ ЮНИСЕФ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи мулоқот намуд.
Давлаталӣ Саид дар оғоз оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ изҳори назар намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуданд ва қисме дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Роҳандозии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва лоиҳаи “Мактаби бехатар: пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа” идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расиданд.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти беҳтар гардондани некуаҳволии оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва риояи таъмини ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Закр бояд кард, ки дар вилоят мушкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, зиёданд ва ба дастгирии шарикони рушд ниёз доранд. Хусусан, камбудиҳо дар самти норасоии синфхонаҳо, дар сатҳи нокифоя қарор доштани хизматрасониҳои беморхонаҳо ва норасоии муассисаҳои томактабӣ ба назар мерасанд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҷрибаи хуб дар амалисозӣ ва мониторинги барномаҳои рушди маҳал, бахусус шаҳру ноҳияҳоро дорад. Дар ин ҷода зарур аст, ки ҳамкории намояндаи ЮНИСЕФ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба амалишавии механизмҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал ба роҳ монда шавад.
Сипас, намояндагони шарикони рушд аз фаъолиятҳои худ оид ба соҳаҳо ҳисобот доданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати сайқал додани малакаи ҷавонон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ҳадафи фаъолият дар ин самт омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Инчунин, роҷеъ ба ғизои солими модару кӯдак барномаи алоҳидае роҳандозӣ мегардад, ки натиҷааш хуб мебошад.
Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри рушди соҳаи маориф созмон имконияти фарох дорад. Давоми соли гузашта дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ҳоло низ, ба амалӣ гаштани як қатор нақшаҳои тарҳрезигардида дар давоми соли ҷорӣ созмон метавонад мусоидат намояд.
Таъкид шуд, ки сол ба сол зиёдшавии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад ва он ниёз ба шароити мусоиду беҳтарро дорад. Хусусан, барои кӯдакону наврасон ҳамасола зарурати сохтмони муассисаҳои нав ба миён меояд. Бинобар ин, ба масъалаи бунёди муассисаву синфхонаҳо ва муҳайё кардани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Раиси вилоят ва намояндагони шарикони рушд иброз намуданд, ки дар доираи ҳамкорӣ, ба хотири боз ҳам беҳтар кардани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳо мусоидат хоҳанд кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)