БМТ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БО БАТР
Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел ва бонкдорони пешбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ Дмитрий Дмитриев ва Баҳодур Юсупов баргузор гардид, ки дар рафти он тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Фирдавс Толибзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзи сипос карда, саҳми БАТР-ро дар ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, низоми пардохт, рушди бахши низоми суғурта, инчунин, ихтисоси кормандони низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд.
Дар идомаи мулоқоти судманд роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел изҳор дошт, ки ташкилоти онҳо аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат қаноатманд буда, тайи солҳои охир дар ин самт ба комёбиҳои назаррас мушарраф гаштаанд. Бинобар ин, БАТР хоҳони идома ва тавсеаи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, ҷонибҳо оид ба давом додани ҳамкорӣ дар самти рушди маблағгузории сабз, тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳот дар ин бахш сухан ронда, роҷеъ ба нақши БАТР дар расондани кумаки техникӣ ҷиҳати таҳияи “Стратегияи рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мубодилаи афкор намуданд ва изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро минбаъд низ, идома хоҳанд дод.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ислоҳот дар бахши низоми пардохт ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ки аҳамияти он пас аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷиҳати рушди низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст ва ҳамкории БАТР дар татбиқи муваффақонаи ислоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)