МАОРИФ. САМАРИ ЯК БАРНОМА
Россия ва Созмони ҷаҳонии ғизои СММ барои мактаббачаҳои Тоҷикистон 4,5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ тақдим карданд. Як гурӯҳи маҳсулот дар шакли ёрии башардӯстона тавассути Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ба Тоҷикистон фиристода шуд, ки аз 68 тонна орди гандуми витаминдор, 117 тонна равғани офтобпараст, 202 тонна нахӯд иборат аст. Дар ояндаи наздик боз 877 тонна орд фиристода мешавад.
Қисми боқимондаи бор - беш аз 1348 тонна орд, 135 тонна нахӯд ва беш аз 60 тонна равғани офтобпараст ба вилояти Суғд ворид шудааст. Бо назардошти ин, ҳаҷми умумии кумаки ғизоии Россия дар соли ҷорӣ 4,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин барнома 2000 муассисаи таълимиро дар 52 ноҳия ва шаҳр фаро мегирад.
Дар маросими супурдани маҳсулоти мазкур муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, мушовири Сафорати Россия дар Тоҷикистон Вера Хуторская ва намоянда – директори Созмони ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ширкат доштанд.
Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи WFP дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он аз 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ қариб 450 ҳазор нафар хонандаи синфҳои 1 - 4 мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешавад.
Илова бар ин, аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи мактабӣ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид, ки дар заминаи онҳо 9 гармхона, 5 нонвойхонаи байнимактабӣ ва як корхонаи коркарди хӯрокворӣ фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, ҳафт нонвойхонаи хусусие, ки бо мактабҳо кор мекунад, таҷҳизонда шуд.
Аз соли 2013 Федератсияи Россия барои иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 86,1 миллион доллар, аз ҷумла 58 миллион доллар барои кумаки ғизоӣ ва 28,1 миллион доллар барои такмили зерсохтор ҷудо кардааст.
Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ аз соли 1999 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани низоми миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ мекунад. Таъмини мактаббачагон бо хӯроки солим на танҳо вазъи саломатиро беҳтар мекунад, балки дастрасии бештар ба таҳсилро фароҳам меорад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)