ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОПОН

ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОПОН

28 август 2023, Душанбе
27
0
15 хизматчии давлатии кишварамон барои таҳсил дар солҳои 2023–2025  дар зинаи магистратура ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуд. Ба ин хотир, дар Агентии хизмати давлатӣ мулоқоти муовини директори он Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ – магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон баргузор шуд.
Мувофиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва қарордод байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2023 15 нафар ғолиби бурсияҳои таҳсилӣ аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андоз,  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва КВД “Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» мебошанд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ зимни мулоқот талаботи таҳсил дар хориҷи мамлакат, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи баимзорасида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро бори дигар тавзеҳ дода, ба магистр ва докторантҳои тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон сарбаландӣ таманно намуд. 
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив