ОФАТИ ТАБИӢ. ВАЗЪИ БААМАЛОМАДА ТАҲТИ НАЗОРАТИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ АСТ
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 27-уми август, соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бар асари борони бошиддат сел омад ва аз ин офати табиӣ 15 нафар (6 зан ва 9 мард) ҷони худро бохт. Дар деҳоти Роҳатӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонда, 2 нафар ба ҳалокат расид.
Вазъи баамаломада таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз маконҳои зарардидаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ бо супориши Сарвари давлат муовини Сарвазири кишвар, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дидан намуда, бо сокинон ҳамсуҳбат шуданд. Ба оилаҳои осебдида ёрии таъҷилӣ расонданд.
Ҳамчунин, боронҳои пуршиддат дар ҳудуди кишвар боиси омадани селҳо, сангрезӣ ва ярч дар канораҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод шуданд. Чунончи, боронҳои пуршиддат сабаби хароб шудани селпартои Шӯраксойи деҳаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе гаштанд. Дар натиҷа, об роҳро ба самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бозори Кӯшониён мегузарад, баст. Наздик ба 35 метр девори селпарто хароб шуд. Айни замон, бо қувваю воситаҳои раёсати истифодабарии роҳҳо роҳи автомобилгард тоза, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.
Дар ҳудуди ноҳияи Сино роҳи мошингард миёни Лучоби Боло ва ноҳияи Варзоб баста шуд. Бо ёрии техникаи муҳандисӣ ин мушкил сари вақт бартараф гашт.
Дар ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боронҳои зиёд сел дар километри 194-уми роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Лахш - Саритошро, ки аз деҳаи Ғуломони деҳоти Лангари Шоҳ мегузарад, пахш кард. Пули миёни дара осеб дида, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бо ҷалби як экскаватор соати 22:00 дақиқа пайомади ин ҳодиса бартараф гашта, ба ҳаракати мошинҳо иҷозат дода шуд.
Инчунин, 27-уми август тахминан соати 19:10 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пайдарпай километрҳои 2, 3, 4 ва 18-уми роҳи Лаби Ҷари маркази ноҳияи Сангвор зери об монд. Бо ёрии техникаи муҳандисӣ роҳ аз селовардаҳо тоза шуда, ҳаракати мошинҳо таъмин гашт.
Ҳамон рӯз тахминан соати 14:40 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гардид. Бо ёрии техникаи муҳандисии ширкати IRS пайомадҳо бартараф ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.
Дар километри 21-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд 15 мошин дар лойқа дармонд. Барои рафъи ҳолат техникаи муҳандисии IRS мадад расонд.
28-уми август вазъ ба эътидол омада, роҳ аз ҳар гуна селовард пок ва ҳаракати мунтазами мошинҳо таъмин гардид. Ҳамчунин, дар километри 21-ум ва ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ роҳи деҳаи Буваки деҳоти ба номи Садриддин Айниро аз лойқа ва селобаҳо тоза намуд.
Дар деҳоти Алмосӣ, Хонқоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор низ, сел қисман ба хонаҳои истиқоматӣ зарар расонд.
Дар ноҳияҳои Нуробод, Хуросон, Фархор ва Ёвон низ омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои зарардида комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат дар рӯзҳои боронӣ ба дараву кӯҳҳо нараванд ва аз ҷамъоварии ҳезуму алафу гиёҳҳои шифобахш, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)