ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Баррасии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Канада 

Баррасии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Канада 

30 август 2023, Чоршанбе
20
0
Ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва тағйирёбии иқлим зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо вазири рушди байналмилалии Канада Аҳмед Ҳуссен баррасӣ гардиданд. 
Тавре Кумитаи мазкур тавзеҳ додааст, мулоқот дар ҳошияи Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ дар шаҳри Ванкувери Канада доир гашт. Мусоҳибон доир ба масъалаҳои марбут ба экология, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим андешаи хешро баён доштанд.
 
 
 
Ҷаласаи навбатии Комиссияи демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар шаҳри Тошкент вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Комиссияи муштараки демаркатсионии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуданд ва оид ба натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
 
 
 
Омодагӣ ба вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Дар Душанбе машварат оид ба масъалаҳои омодагӣ ба вохӯрии панҷуми ҷашнию машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, – хабар медиҳад АМИТ "Ховар". 
Зимни нишаст лоиҳаҳои рӯзномаи вохӯрии машваратӣ, изҳороти муштараки сарварони давлатҳо ва дигар санадҳое, ки ба имзо расиданашон аз рӯйи натиҷаҳои саммити Душанбе дар назар аст, доир гаштанд. 
 
 
 
Мулоқот бо роҳбари Маркази  минтақавии СММ
Мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ перомуни дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, инчунин, масоили обу иқлим, пойдории сулҳу бехатарии минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, мубодилаи афкор сурат гирифт. 
 
 
Шартномаи грантӣ ба имзо расид 
Дар шаҳри Душанбе  байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва Бонки олмонии рушд  шартномаи грантӣ ба имзо расид. 
Тавре дар  Вазорат ба мо шарҳ доданд, шартнома ҷудо намудани грантро ба маблағи 13,97 миллион евро барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе пешбинӣ менамояд. 
 
 
 
СУҒД
Ғолибони озмунҳо қадр гардиданд
Роҳбарияти  вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илм ба 50  хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва омӯзгорони онҳо, 345 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ супурданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти МИҲД-и вилояти Суғд иттилоъ додааст. 
Бар пояи хабар, соли таҳсили 2022-2023, 769 хонандаи  муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, 63 нафар дар олимпиадаҳои  байналмилалӣ ва 489 нафар дар озмунҳои фосилавӣ  ширкат намуда, сазовори  ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. 
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив