ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. МАШВАРАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИҲОИ  ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН

БМТ. МАШВАРАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИҲОИ  ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН

30 август 2023, Чоршанбе
18
0
 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони вазорату кумитаҳои калидии кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Мусин Багдат Батирбекович баргузор гардид.
 
Дар рафти нишасти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки сафари кории ҳайати номбурда ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Таъкид гардид, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон алҳол қариб дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои хуби кориро ба роҳ мондаанд, ки онҳо барои боз ҳам тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахши рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Сипас, вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон  Мусин Багдат Батирбекович аз ҷониби худ барои ташкили чунин як вохӯрии ҷолиб миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ҷамъомади имрӯза барои боз ҳам тақвият бахшидани татбиқи ҳукумати электронӣ кумаки амалӣ мерасонад.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз лиҳози хизматрасониҳои тариқи онлайн анҷомшаванда мавқеи ҳаштум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ даҳум ва амнияти иттилоотӣ ҷойи сиюмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди тараққиёти технологияи рақамии ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон хизматрасониҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харид ва азнавбарасмиятдарории моликият, амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои амнияти пойгоҳи маълумотҳо, коркард ва дастрасӣ ба онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон зикр намуд, ки омодааст таҷрибаи ғании худро дар ин самт ба мутахассисони  мо пешниҳод намояд. Аз ҷумла, омодааст, семинар ва курсҳои омӯзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи ҳукумати электронӣ роҳандозӣ намояд.
Дар анҷоми мулоқот намояндагони ҷумҳурӣ – вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири саноат ва рушди технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, директори Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар робита ба рушди рақамикунонӣ ва ба таври электронӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳо ибрози назар намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мукаммал гирифтанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив