ВАРЗИШ
НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН – ҚАҲРАМОНИ CAFA
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов бо се пирӯзӣ ва як бохт дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бозигарони то 17-сола (21-27 август, Ҳисор) қаҳрамон гардид.
Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Ӯзбекистон (2:0) ғалаба карда, аз мунтахаби Эрон (0:1) мағлуб шуданд.
Зинаҳои дуюму сеюмро Ӯзбекистон (9 хол) ва Афғонистон (6 хол) ишғол карданд.
Зимни натиҷагирӣ ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба мунтахаби Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзан Нурбек Сарсенбоев (3 гол) аз бозигари мунтахаби Ӯзбекистон эътироф гашт. Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев судмантарин бозигари чемпионати CAFA-2023 дониста шуд.
ҶУДО
Миёни ҷавонон беҳтаринҳо муайян гаштанд
Дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни ҷавонон (26-27 август, Рашт) дар вазнҳои – 60 кг, – 66 кг, – 73 кг, – 81 кг, – 90 кг, – 100 кг ва + 100 кг мутаносибан Умар Шеров, Набӣ Нуралӣ, Муҳсиддин Асадуллоев (дастаи Душанбе), Сайфиддин Сайфиддинзода (Суғд), Сомон Кишваров, Парвиз Абдураҳмонов (Душанбе) ва Некбахтзода Некрӯз (Суғд) қаҳрамони кишвар гаштанд.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои мамлакат, аз рӯйи натоиҷи Чемпионат беҳтаринҳо ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки 4-8 октябр дар Португалия мегузарад, сафарбар мегарданд.
Бояд гуфт, ки ба ғолибон 5000 сомонӣ ва ба барандагони зинаҳои дуюму сеюм 3000 ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гашт.
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023
Ҷуфтҳои даври 1/2 финал муайян шуданд
Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Равшан» неру месанҷад.
Тибқи иттилои Лигаи футболи кишвар, бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: «Истиқлол» – «Файзканд» – 2:0, «Регар – ТадАЗ» – «Эсхата» – 2:1, «Моҳир» – «Хатлон» – 0:1 ва «Ҳосилот» – «Равшан» – 1:5.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
Шарҳҳо (0)