ХОВАЛИНГ. ЗЕБОИҲОИ ШАҲРҲО БА КӮҲИСТОН МЕКӮЧАНД
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми ҷумҳурӣ иншооти гуногуни баландошёна қомат афрохтанд, ки зебоии кишварамонро дучанд месозанд. Биноҳои хуштарҳу замонавие, ки давоми солҳои охир дар ноҳияи кӯҳистони Ховалинг сохта шуданд, мисоли ин гуфтаҳост. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасмим гирифтанд, ки бо соҳибкорони ватанӣ то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 211 иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар рӯйхати иншооти ҷашнӣ ҳамагуна инфрасохтор ва корҳои ободонию созандагӣ, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия заруранд ворид гашта, давоми солҳои 2022-2026 сохта, ба истифода дода мешаванд. Инчунин, тибқи нақша-чорабинии тарҳрезигардида, сохтмони биноҳои қасри фарҳанг аз ҷониби Вазорати фарҳанг, беморхонаи марказӣ дар маркази ноҳия, бозори марказӣ аз ҷониби соҳибкор Зафар Сафаров ва Тоҷикматлубот ва якчанд биноҳои гуногун дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия бомаром идома дорад. Сохтмончиён бо руҳу илҳоми тоза ва ҳисси ватандӯстӣ барои ободонӣ ва хурраму назаррабо гардондани симои ноҳия талош меварзанд. Ёдовар мегардем, ки 20 июни соли 2023 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншоот ба истифода дода шуданд.
Сокинони бонангу номуси диёри хушманзари Ховалинг иқдом гирифтанд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самту соҳаҳо дигаргунии куллӣ ба вуҷуд биёранд. Дар ин замина, кормандони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз тамоми шароиту имконияти мавҷуда истифода бурда, кӯшиш доранд дар рушди соҳа ва шукуфоии диёр саҳми худро гузоранд.
Раҳмия ПӮЛОДЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)