ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

30 август 2023, Чоршанбе
29
0
ДАР САМАРҚАНД НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИК ИФТИТОҲ ГАРДИД
Дар шаҳри Самарқанд ба муносибати ҷашнҳои 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва фарҳангии ду кишвар намоиши мусаввараҳои бадеии рассомони тоҷик ва қадимтарин навъи санъати рассомӣ «Кундал» таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон…» баргузор гашт. 
Меҳмонон бо ҳунари рассомони шинохтаи тоҷик ва шогирдони онҳо, ки дар офаридани санъати кундал шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, шинос шуданд. Намоиши мазкур як ҳафта идома меёбад.
 
ҲАЙАТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАМЪИЯТҲОИ ТОҶИКОНИ ҚАЗОҚИСТОН ВОХӮРД
 Дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон,  дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо тоҷикони муқими вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон изҳор доштанд, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин, ташкили намоиши   маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкенти Қазоқистон барои боз ҳам густариш бахшидани равобити иқтисодию  фарҳангии ду давлат нақши муҳим мебозад.
Таъкид шуд, ки муваффақона фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон асбобҳои мусиқӣ, китоб ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ тақдим гардид.
 
 
МОҲИ ОКТЯБР 1050 – СОЛАГИИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД
Даҳаи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик, олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ҷашн гирифта мешавад.  Ба ин муносибат 9-10 октябр  дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад.
Ҳадафи Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив