ИДМ. ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН ДАСТГИРӢ ЁФТ
Бо ташаббуси Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис хоҳад ёфт.
Ин иқдомро роҳбари театр Камолиддин Сайфиддинзода дар Фестивал - симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия пешниҳод кард. Рассомон, сарояндаҳо, дипломатҳо дар пойтахти фарҳангии ИДМ-2023 – Санкт-Петербург барои муайян намудани имкониятҳои нав дар соҳаи санъат ва эҷоди муоширати муассири байнифарҳангӣ ҷамъ омаданд.
Фестивал – симпозиуми байналмилалӣ як лоиҳаи Фонди ҷамъиятии хайрияи Ирина Богачёва мебошад, ки дар якҷоягӣ бо доираҳои эҷодӣ ва иҷтимоии Россия амалӣ мешавад. Лоиҳа дарсҳои маҳорат, тренингҳо, саёҳатҳо, гала-консерт ва форуми васеъро дар бар мегирад. Дар Фестивал директори Театри давлатии академии опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода сухан ронда, оид ба рушди босуръати робитаҳои театрҳо, саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тавсеаи муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ таъкид намуд. Ҳамчунин, пешниҳод кард, ки Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис дода шавад.
– Табодули таҷриба, ҳалли фаврии мушкилот, таъсиси фазои ягонаи электронии асарҳои муаллифони мусиқии муосир самаранокии муносибатҳои моро афзоиш медиҳад ва ин ба мо имконияти бохабар будан аз рӯйдодҳои ҳаёти фарҳангии ҳамдигарро хоҳад дод, – тазаккур дод директор.
Пешниҳод аз ҷониби дигарон дастгирӣ ёфт ва онҳо, аллакай, ба татбиқи лоиҳа шуруъ карданд. Шурои ҳамоҳангсозӣ як ниҳоди коллегиалӣ хоҳад шуд, ки дар он ба театри тоҷик ҳамчун ташаббускори таъсиси ниҳод то соли 2025 ҳаққи роҳбарӣ дода мешавад. 23-юми август ҷаласаи нахустини директорони театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он нақшаҳо ва ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла баргузор намудани Анҷумани умумӣ дар шаҳри Душанбе, баррасӣ гаштанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.08.2023 №: 176
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)