ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «МАРДЕ АЗ САРНАВИШТ». БАЁНГАРИ КОРНОМАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

«МАРДЕ АЗ САРНАВИШТ». БАЁНГАРИ КОРНОМАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

05 сентябр 2023, Сешанбе
44
0
Дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии «Марде аз сарнавишт» баргузор  гардид. АМИТ «Ховар»  иттилоъ додааст, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш амалӣ гашт.
Тамошои филми мазкур бо фарогирии 800 ҷавони касбу кори гуногун аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе ташкил гардид. Дар филми мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот дар ҳудуди мамлакат, расидан ба истиқлоли комил ва пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ таҷассум ёфт.
 
 
Ҳамоиш доир ба стратегияи миллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон
Дар Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзуи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
 
 
Баррасии вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари СММ дар Женева Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар самти моликияти зеҳнӣ баррасӣ гашт. 
 
 
Созишномаи грантӣ оид  ба бурсияҳои таҳсилӣ 
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака вохӯрд. 
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки зимни дидор Созишномаи грантии «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба имзо расид. Бо татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур имкон фароҳам мегардад, ки хизматчиёни давлатии ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон дар дараҷаи магистрӣ ва докторӣ таҳсил намоянд. Маблағи умумии Лоиҳа 276 миллион йени ҷопонӣ, баробар ба 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
 
 
Ҳашар бо ҷалби волонтёрон
Бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади ободу зебо, тозаю озода ва нарм намудани бехи дарахтони майдони «Истиқлол» шанбегӣ гузаронда шуд.
Тавре дар Кумитаи мазкур ба мо шарҳ доданд, ободу зебо сохтани ҳар гӯшаи диёр ва сарсабз намудани хонаву коргоҳ тадбирҳое мебошанд, ки аз шаҳрвандон масъулияти баланд ва ватандӯстии амиқро талаб менамоянд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Кумита бо ҷалби волонтёрон пайваста ободкориҳо амалӣ мегарданд.
 
 
Татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ
Мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон – роҳбари  намояндагии тиҷоратии Чин дар Тоҷикистон Сун Хэ  дар вилояти Хатлон як қатор вохӯриҳо баргузор намуд. 
Хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯриҳо ҷонибҳо қаноатмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ баён доштанд.  
 
 
Муаррифии имконоти сайёҳӣ дар Швейтсария
Дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Фестивал-намоиши хӯрокҳои миллӣ ва мусиқӣ баргузор гардид, ки дар он  имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст. 
Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария, қатори дигар муассисаҳои дипломатӣ хӯрокҳои миллӣ, аксу ангора ва ҳунарҳои мардумии таҷассумгари таъриху фарҳанги Тоҷикистон ба  намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорони Фестивал ба гӯшаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд доданд.
 
 
 
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РУСТАМ МИННИХАНОВ
4-уми сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид сохтанд. Дар ин замина, ба густариши босамари робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон, яке аз минтақаҳои  аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Федератсияи Россия, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодиро миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра ҳисобиданд.
Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шуданд.
Ҷонибҳо имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила,   ҳамчунин, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самтҳо зикр карданд. Мусоҳибон, инчунин, алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ, таъкид намуданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои сафари Раиси Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таҳким мебахшанд.  
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив