РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ИДОМА ДОРАД
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, офати табиии рӯзҳои 27 ва 28-уми август дар баробари шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Фархор, Ёвон, Хуросон, Нуробод, дар навоҳии Деваштич ва Рашт низ, ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа якчанд деҳаҳо, биноҳо ва роҳҳои мошингард осеб диданд.
Бо дастури Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ба зарардидагон ёрии фаврӣ мерасонанд ва хисороти баамаломадаро ҳисоб менамоянд. Аз ҷумла, аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Ваҳдат 3 тонна ва барои шаҳри Ҳисор 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо гардида, роҳи Ваҳдат-Ромит комилан аз гилу санг тоза, ҳаракати нақлиёт ба роҳ монда шуд. Ба иттилои муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Икромзода, ба зарардидагони офати табиӣ, дар баробари Ҳукумат соҳибкорон низ, бо маҳсулоти хӯрока ва молҳои ниёзи аввал мадад мерасонанд.
29-уми август гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ бо мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор шинос гардид.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони маҳаллӣ, ки аз сел зарар дидаанд, вохӯрда, ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тавре ба мушоҳида расид, бар асари боришоти аз меъёр зиёд об соҳили каналҳои обрасон ва новаи асосиеро, ки беш аз 200 гектар заминҳои кишоварзии деҳоти Дурбатро обёрӣ мекард, тахриб кардааст. Дар натиҷа, обу лойқа ба ҳавлии баъзе аз сокинони деҳоти мазкур ва дар поёноб ба деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор ворид шуда, ба заминҳои наздиҳавлигии сокинон хисороти молӣ расонд.
Дар ноҳияи Варзоб, дар баробари кормандони муассисаҳои давлатӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сокинони маҳаллӣ низ, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сафарбар гардиданд.
Тибқи маълумот, дар натиҷаи боришоти зиёд дар деҳаи Ҳавотаки деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштич 13 иншооти ёрирасони манзилҳои истиқоматии сокинон зери лойқа монд, 48 сар чорвои калон талаф ёфта, 8 километр роҳи мошингард зарар дид. Корҳои барқарор ва бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд.
Деҳаҳои Баҳористон, Истиқлол ва Ниёзбегиёни деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт низ, аз сел осеб диданд. Аз ҷумла, 12 иншооти ёрирасон, 300 метр шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш, 4,5 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, 3 пули мошингузар, 30 қитъаи наздиҳавлигӣ, 0,10 га кишти картошка, 7 га боғ ва 16,28 га заминҳои кишоварзӣ зери лойқа монда, 9 сар чорвои калон талаф ёфтааст. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон ҳаҷми хисороти расида дар ноҳияи Рашт 678 052 сомониро ташкил дод.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, теъдоди қурбониёни сели рӯзҳои 27-28-уми август ба 21 нафар расид. Аз аввали соли равон бошад, 472 офати табиӣ рух додааст, ки дар пайи он 30 нафар ҷон бохта, 470 хона, чор мактаб, панҷ пул, 404 километр роҳи мошингард ва ду ҳазор гектар замини кишоварзӣ хароб шудаанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)