ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУОСИРИ ИСТИРОҲАТ

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУОСИРИ ИСТИРОҲАТ

05 сентябр 2023, Сешанбе
11
0
Ба ифтихори пешвози сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва соҳили Кӯли Калони деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бунёди се меҳмонхона ва истироҳатгоҳҳои муосир дар назар аст. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, аллакай, оғоз гардиданд.
Ноҳияи Рашт дорои захираҳои бой ва табиати зебо буда, дар он имконияти рушди сайёҳии экологӣ, агросайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, аспсаворӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошад.
Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳия 10 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил шуда, тавассути сомонаҳои интернетӣ муаррифӣ мешаванд. Чуноне гуфта мешавад, дар нимсолаи аввали соли равон ба ноҳияи Рашт 2053 нафар сайёҳ, аз ҷумла 1890 сайёҳи дохилӣ ва 163 сайёҳи хориҷӣ, омаданд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти шароиту имконияти мавҷуда, дар ноҳия барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳия се меҳмонхона ва як ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб мавҷуданд, ки ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Вазорати нақлиёт дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сохтмони 20 истгоҳи замонавиро ба нақша гирифтааст ва аз ин шумора то имрӯз 15 истгоҳ ба истифода дода шуд. Дар заминаи онҳо ташкили  марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, гӯшаҳои деҳқон ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумиву хӯроки тезтайёр пешбинӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки феълан, дар ноҳия ду осорхона, боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, ду боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, се меҳмонхона, понздаҳ ҳомстей, се тарабхона, маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, ду маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши дастранҷи ҳунарварони мардумӣ фаъолият доранд.
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив