ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДДД.  ҒАМХОРИҲОИ ҲУКУМАТ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД МЕКУНАД

ДДД.  ҒАМХОРИҲОИ ҲУКУМАТ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД МЕКУНАД

06 сентябр 2023, Чоршанбе
14
0
Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара", соли 2013 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъсис ёфт. 
 
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз ислоҳот дар зинаи таҳсилоти касбӣ ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, ба таҳсилоти ҷаҳонӣ наздик кардани барномаҳои таълимӣ, навсозии сифати таълим ва омода кардани кадрҳои болаёқате, ки ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ мебошанд, ба шумор меравад. Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани Дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвар гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф барои насли ояндасози миллат мебошад. Дар партави суханрониҳои Сарвари давлат раёсати Донишгоҳ вобаста ба баланд бардоштнаи сифати таълим, тақвият бахшидани корҳои илмию тадқиқотӣ, ташкиливу тарбиявӣ, робитаҳои хориҷӣ ва инфрасохтори муассиса стратегияи мушаххаси рушдро таҳия намудааст, - гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ. 
Дар Донишгоҳ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони илм 52 номзади илм, 260 муаллими калон ва ассисентон, дар маҷмуъ 314 устод ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Миқдори соатҳои кафедраҳои амалкунанда соли таҳсили 2023-2024 дар умум 246 586-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии донишҷӯён 8865 буда, 100 донишҷӯ, аз ин шумора 44 нафар духтарон тибқи Квотаи президентӣ  таҳсил менамоянд. Донишгоҳ дорои 6 бинои таълимӣ буда, метавонад дар як баст 5200 донишҷӯро  ба таҳсил фаро  бигирад. Соли ҷорӣ 1583 нафар аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуд. Аз ин шумора 1059 нафар аз рӯи таҳсилоти рӯзона, 524 нафар аз рӯи таҳсилоти ғоибона мебошад. Аз теъдоди умумии донишҷӯён 9 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, тариқи шартномаҳои тарафайн, донишҷӯён дар беморхонаи марказӣ, Кумитаи бехатарии амнияти озуқаворӣ, ҶСП "Ҷунтай- Данғара- Син – Сину Текстил", КВД Стандартизатсия ва сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дониши худро мукаммал мегардонанд.  Инчунин, дар Донишгоҳ 11 лабораторияи фаннӣ амал мекунад, ки барои пешрафту омода намудани мутахассиони замони нав имконият фароҳам меорад. Имсол интихоби Донишгоҳ аз ҷониби довталабон ба 16 ҳазору 423 нафар расид. Айни замон 462 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон таҳсил намуда истодаанд. Имсол 14 донишҷӯи хориҷӣ ин боргоҳи таълимиро  хатм намуд. Донишгоҳ бо 7 муассисаи олии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. 
Ҳамин тавр, масъулони Донишгоҳи давлатии Данғара, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро оиди ба низом даровардани раванди таълим ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардондани равияву ихтисосҳо корҳои зиёдеро амалӣ карда истодаанд. 
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив