РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН. ДАСТРАНҶИ ҲУНАРМАНДОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АЛМААТО
Аз 24 то 29-уми августи соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. 25-уми август дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, ки аз намунаи либосҳои миллӣ, мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо иборат буд, дидан намуданд.
Дар шаҳри Алмаато намоиш-фурӯши молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, хизматрасониҳо дар самтҳои коммуникатсиониву сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон доир гашт. Дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, ба монанди тарбузу харбуза, навъҳои гуногуни ангур, сабзавоту меваҷот, хушкмева, асал ва дигар номгӯи маҳсулот пешкаш шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди сокинону меҳмонони шаҳри Алмаато гардид.
Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони ҷамъият ва фаъолони диаспораи тоҷикон, инчунин, соҳибкорони тоҷике, ки дар шаҳри Алмаато фаъолият доранд, мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ раиси вилоят аз шароиту имконоти мусоиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус вилояти Хатлон, дар самти қонунгузорӣ, имтиёзҳои давлатӣ ва андозбандӣ, мавҷудияти ашёи хом ва маҳсулоти кишоварзӣ, пешбинӣ гардидани тахфиф барои интиқоли молу маҳсулот ба хориҷи кишвар тавассути роҳи оҳан ва кифоя будани қувваи корӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ибрози андеша намуд. Аз соҳибкорони тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки дар ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан вилояти Хатлон, ҳиссагузор бошанд.
Дар шаҳри Алмаато се ҷамъияти тоҷикон ва даҳҳо соҳибкорони тоҷики муқими ин шаҳр дар соҳаҳои гуногун фаъолият дошта, дар муаррифии таъриху тамаддун, урфу одат ва молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давлат саҳм мегузоранд.
Дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба айни замон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 12 муассисаи таълимӣ бо забони тоҷикӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои тоҷиктабори муқими ин кишвар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)