«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 115 НАФАР БА ДАВРИ НИҲОӢ РОҲ ЁФТ
Аз 14 то 21 – уми августи соли равон дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид ва 115 нафар ғолиб ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Тибқи иттилои масъулон, шумораи умумии иштирокчиёни даври вилоятӣ 706 нафарро ташкил дода, бо назардошти ду номинатсияи иловагардида, шумораи ғолибон нисбат ба солҳои қаблӣ 35 нафар зиёд шуд.
Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гаштанд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дохили бино, мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат санҷиданд.
Баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 2-юми феврали соли 2023 ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 3750000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)