ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 32- солагии Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб чорабинии Рӯзи дарҳои кушода баргузор гардид.
Масрур Абдуллозода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ сухан гуфтанд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби КВД ТС “Китоб” намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриётҳои Вазорати фарҳанг, “Адиб”, “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Ирфон”, “Адабиёти бачагона” баргузор шуд. Дар намоиш-фурӯши китобҳо осори адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон ба ҳаводорон пешниҳод гардид. Ҳамзамон, намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби як қатор ширкат ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои пойтахт пешниҳоди ҳозирон гардонда шуд.
Дар чорабинии мазкур рӯзи дарҳои бози Китобхонаи миллӣ эълон гашт, ки он ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ҳунарнамоии ансамбли бачагонаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз дигар бахши Рӯзи китоб буд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аксияи ҷойҳои кори холӣ ва аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ фурӯши симкортҳо ба роҳ монда шуд.
Дар ин рӯз, намояндагони мақомоту идора ва муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, толибилмони макотиби ҳудуди шаҳри Душанбе иштирокчӣ ва шоҳиди шароиту имкониятҳои Китобхонаи миллӣ гардиданд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)