ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРИ РОҒУН

ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРИ РОҒУН

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
14
0
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо сокинони шаҳри Роғун  мулоқот намуд. 
Аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардиданд. Ҳамчунин, аз сокинони ватандӯст ва бонангу номуси мамлакат хоҳиш шуд, ки  пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо камоли масъулияту ифтихор камари ҳиммат баста, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол гиранд.
 
 
 
МАШВАРАТИ ВАЗИРОНИ АДЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Дар шаҳри Шанхай Машварати даҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар он вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён иштирок намуд. 
Тавре дар Вазорат тавзеҳ доданд, дар машварат, ҳамчунин, вазирони адлияи Россия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Котиби генералии Созмон ширкат варзида, мавзуъҳои навоварӣ дар фаъолияти вазоратҳои адлия, дурнамои ҳамкорӣ ва рушди соҳаҳои хизматрасонии давлатӣ ва экспертизаи судӣ байни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмонро баррасӣ карданд. 
 
 
ВОХӮРӢ БО МУДИРИ КУЛЛИ ФОНДИ КУВАЙТ
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар вохӯрд. 
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ, такмили фазои сармоягузорӣ, саҳми Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки кишвар, инчунин, иштироки намояндагони Кувайт дар Форуми байналмилалии “Душанбе–Инвест 2023” ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.
 
 
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БИСЁРҶОНИБА
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гашт.
Зимни ҷаласа самтҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва нумӯи минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд манзур гардиданд.
 
 
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд. 
Созишнома дар рафти вохӯрии ректори Академия Абдухалил Ғафурзода ва намояндаи Кумита Ангелина Шопп ба тасвиб расид. Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо баҳри амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ–тадқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, ташаккули донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдоми тарафайн иброз намуданд.
 
 
АЗНАЗАРГУЗАРОНӢ-ОЗМУНИ МАҲОРАТИ  КАСБИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ «МУҲОФИЗА» 
Дар шаҳри Минск Анҷумани XX ва азназаргузаронӣ-озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти «Муҳофиза»-и вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад. 
Аз Вазорати корҳои дохилӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар чорабинии мазкур аз Тоҷикистон ҳайати намояндагон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорат Анварҷон Ализода иштирок доранд. Бояд гуфт, ки Анҷумани мазкур ба васеъ гардидани имконият, мубодилаи таҷриба ва робитаҳои касбӣ бо ҳамкорон дар самти хадамоти муҳофиза мусоидат менамояд.
 
 
ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲО БО СОЗМОНИ  ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ 
Тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои нав аз масъалаҳое буданд, ки зимни  мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) Олег Кучгелдиев баррасӣ гардиданд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамзамон, масъалаҳои таъмин бо тухмии хушсифату ҳосилдиҳанда ва ҷалби воситаҳои грантӣ барои рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид шуд, ки солҳои охир FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизои мамлакат саҳми арзанда гузошта истодааст.
Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив