ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

15 феврал 2023, Чоршанбе
42
0
РАҲПОӢ
 
Дергоҳест, ки андар деҳа,
Модарам ғамдор аст,
Аз алам саршор аст.
Ва нафас дар нафасаш танҳоист, 
Шуғли ҳаррӯзаи ӯ раҳпоист.
Аз ғами мову чу ман фарзандаш, ки яке 
дар Маскав, дигаре дар ин шаҳр
Дар ҷавонӣ чӣ қадар пир шудаст,
Сахт ошуфтаву дилгир шудаст.
Умри ӯ мегузарад,
Дар лаби боми пур аз пазмонӣ,
Дар сари кӯчаи саргардонӣ...
Гоҳ маҷбур ба шаҳраш орам,
Бо азобу ба тавалло, зорӣ...
Лек ӯ ҳар лаҳза сайри дунёи кӯҳистон 
дорад,
Майл бар обу ҳавои хуши Каздон дорад.
Аз ҳама мепурсад: 
Деҳа афтоб ва ё барфию борун бошад?
Хешу ҳамсояву кампири Бадалҷун ба чӣ 
сарсун бошад?
Ёди ӯ меравад андар куталу пуштаю кӯҳ,
Ба раҳи Себеда,
Ва ба панҳои Думи Марғаки сабзу сода...
Гоҳ мерад ба бари Талхаку бо кӯҳу камар,
Мекунад ӯ суҳбат,
Гоҳи дигар гули уммед зи домони 
алафҳо чида,
Мераҳад аз ҳасрат.
Рӯйи худ дида дар оинаи хоки Буркӣ,
Рӯйи саҷҷодаи сангӣ шишта,
Ба қаламсанг ҳаме номи худаш бинвишта,
Зи баландӣ ба замин карда назар,
Хешро молики олам донад...
Бешако бо ҳама ин фикру хаёл,
Боҷ бистонад аз андӯҳи зиёд,
Қасд гирад зи ғаму ғурбату ранҷу бедод,
Ё зи ҷоми майи ин хотираҳо гардад шод?!
Боз бо ин ҳама ғурбат зи дили хоки умед,
Гули ҳиҷрону аламро биканад,
Ҷойи он донаи дидор шинонад ба ҳавас...
Ва барои ману фарзандонаш
Ба Душанбе, Маскав,
Тӯша дидор кунад, бифристад.
Ё ки ҳангоми ба шаҳр омаданаш
Дасти холӣ набиёяд аз дур,
Ба ману хешу табор, 
Ба зану кӯдаку барнои диёр
Тӯша орад ҳар бор
Нони гарми гандум,
Ассаломи мардум.
Гоҳ аз чашми дилаш мехонам
З-ин ҳама олами хеш
Аҷабаш меояд,
Ашк аз чашми тараш мешорад.
Панҷаи дилтангӣ 
Мезанад пушти дараш бепурсиш,
Бе ниёзу хоҳиш.
То рабояд зи дилаш ёдашро,
Боз  он кӯдакии шодашро...
Ин ҳама як тарафу аммо дод,
Нола дармедиҳад ӯ бо фарёд:
Гарданат бишканадо, ранҷурӣ,
Дастакат бишканадо, раҳдурӣ...
 
Шаҳриёр ОЛИМӢ
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив