Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон
13-уми сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ намуда, ба омодагии вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, диққати махсус доданд.
Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ эъломияи муштарак қабул карданд
Бо натиҷагирӣ аз аввалин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, эъломияи муштарак қабул гардид.
Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ иброз доштанд. Ба мувофиқа расиданд, ки дар посух ба хусусиятҳо ва мушкилоти замони муосир, бояд ҳамбастагӣ ва ҳамкориро тақвият бахшанд. Ҳамчунин, кишварҳои минтақа ният доранд, ки барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо ва иқтидори истеҳсолӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ шароити зарурӣ фароҳам оранд.
Ифтитоҳи майдончаи варзиш дар Хоруғ
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода қайд кард, ки ба истифода додани майдончаҳои варзишу солимгардонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи барномаҳои ободониву созандагӣ ва зебо гардондани симои шаҳри Хоруғ амалӣ мегардад.
Ҷоизаи «Тоҷикфилм» дар кинофестивали Қазон
Филми коргардони ҷавони «Тоҷикфилм» Муҳиддин Музаффар “Дов” дар кинофестивали филмҳои мусулмонии Қазон ҷоизаи беҳтарин сенарияро гирифт.
Филм аз соли 2022 дар 18 фестивали байналмилалии кино намоиш дода шуда, соҳиби 16 ҷоиза шудааст.
Алиҷон Ҷалилов, коргардони 20-солаи тоҷик, барои филми мустанади “Алиф.До.Ре.Ми” дар бахши “Қадами аввал ба синамо” соҳиби дипломи Иттиҳодияи синамогарон ва синамошиносони Федератсияи Россия шуд.
Дар Суғд беҳтарин пахтачинон қадр мешаванд
Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта, ситоди вилоятии "Ҳосил-2023" таъсис дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ дод.
Ҳадаф аз ин тасмим ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Барои ҳавасманд гардондани пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шуда, ҳар 20 рӯз ғолибон муайян мегарданд ва онҳо бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд.
Ҳашт километр роҳи марказии ноҳияи Шаҳринав мумфарш мегардад
11-уми сентябр бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ва соҳибкорону сокинон корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди маркази ноҳия, аз шаҳраки ба номи М. Турсунзода то гардиши сари пули шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, оғоз гардид.
Тули роҳ 8 километрро ташкил медиҳад ва аз тарафи соҳибкор Умар Кремлёв навсозӣ мешавад.
Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи ҷаҳонии боксёрон, президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс, хатмкардаи МТМУ №21-и ноҳияи Шаҳринав мебошад.
Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)