НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ
МАОРИФ
Кормандони хизматнишондода мукофоти давлатӣ гирифтанд
Ба ифтихори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба 15 корманди илму маориф, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ – медали Хизмати шоиста ва ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурд.
– Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ аҳли маориф ва илми мамлакат дар баробари намояндагони дигар соҳаҳо дар устувор гардондани пояҳои давлатдорӣ ва сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштаанд, – таъкид кард Э. Насриддинзода
«РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ»
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатӣ, изҳор дошт, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хос пайваст.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки хизмати давлатӣ дар заминаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо таҳкими аркони давлатдории миллӣ таъсис ва ташаккул ёфт.
Дар ҳамоиш маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҷавони давлатӣ баргузор шуд ва як зумра фаъолон бо ифтихорномаҳои Агентӣ қадр шуданд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”