Навидҳои фарҳанг
«БЕШАИ ПАЛАНГОН» ДАР ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО
Интизор меравад, ки дар наздиктарин фурсат Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил мешавад.
Масъалаи ба ин Феҳрист ворид шудани «Бешаи палангон» дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, ки аз 10 то 25-уми сентябри соли 2023 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда истодааст, баррасӣ хоҳад шуд.
Омода намудани ҳуҷҷатҳои асноди зарурӣ дар ин самт ҳанӯз соли 2020 оғоз гардида буд.
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи «Бешаи палангон» аз ҷиҳати техникӣ ба талабот ҷавобгӯ арзёбӣ шудааст.
АМИТ
МИЗБОНИ НАХУСТИН ФОРУМИ ОЛИМОНИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиш коршиносон ва президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои илмии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ зимни баррасии илмӣ оид ба вазъи илми тоҷик дар замони муосир гуфт: «Ҳамкории судманд байни олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд густариш ёфта, аксар мушкилиҳои гуногун, ки хоси ҳамаи мамлакатҳои минтақа ҳастанд, дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба баррасӣ шаванд. Ҳамкории илмӣ-интеллектуалии олимон минбаъд тақвият ёбад, ба суди кишварҳои дӯст аст».
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАСНАВИХОНӢ» ДОИР МЕГАРДАД
Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамасола дар мамлакат 30 сентябр таҷлил мешавад, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» доир мегардад.
Созмондиҳандагони Озмуни мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор мебошанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд: «Мо – тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем. Дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ «Маснавии маънавӣ» ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шакарини тоҷикӣ шинохта шудааст».
РӮНАМОИИ СОМОНАИ ҶАДИД
Рӯнамоии сомонаи расмии Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид. Сомона бо дастгирии сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва мусоидати ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони Россия таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дода шуд.
"Таджики-России.Рф" роҳнамои мувофиқест барои ҳар шаҳрванди кишвар, ки дар ҳудуди Россия аст. Сомона бо забони тоҷикӣ фаъол гардида, дар кӯтоҳтарин муҳлат бахши забони русии он низ мавриди корбарӣ қарор мегирад.
Дар сомонаи мазкур маълумот дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёну соҳибкорон нашр карда мешавад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187