ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСИЁИ МАРКАЗӢ. АФЗОИШИ ГАРДИШИ САВДО МИЁНИ ДАВЛАТҲОИ МИНТАҚА

ОСИЁИ МАРКАЗӢ. АФЗОИШИ ГАРДИШИ САВДО МИЁНИ ДАВЛАТҲОИ МИНТАҚА

20 сентябр 2023, Чоршанбе
21
0


Дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарони соҳаҳои иқтисод ва молияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва беш аз 300 намояндаи бахшҳои давлатию хусусии минтақа иштирок намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар оғоз баён кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, барои Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла савдо, саноат, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, аҳамияти афзалиятнок мебошад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 расман фаъолият менамояд.
З. Завқизода дар идома қайд намуд, ки соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2021-ум 23 дарсад афзуда, ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Тоҷикистон 28,2 дарсадро ташкил дод. Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ба ҳисоб мераванд.
Иттилоъ дода шуд, ки савдои рақамӣ 20 дарсади тиҷорати ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 дарсад афзоиш меёбад. ММД-и минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, дар 20 соли охир 7 маротиба зиёд шуда, рушди иқтисодии миёнасолонаи он дар сатҳи 6,2 дарсад таъмин гардид, ки нисбат ба рушди иқтисоди глобалӣ (2,6) 3,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ 1,8 маротиба, гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба, ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ дар минтақа 17 маротиба ва гардиши савдои хориҷии молу маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ 6 маротиба афзоиш ёфтаанд.
Ин рақамҳо аз дурнамо ва имкониятҳои васеи минтақаи Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи самараноки онҳо рушди иқтисодии минтақа бамаротиб зиёд мегардад.
Солҳои охир минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд. Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиётро таҳия намуда, дар самтҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ бо мақсади рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ва рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Дар 3 сессия мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян кардани дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» баррасӣ шуда, фикру таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив