«COLLASIA 2023». МАШҒУЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ЁФТ
Дар пойтахти мамлакат таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)» машғулияти байналмилалии омӯзишӣ оғоз гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони давлатҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Таиланд, Ӯзбекистон ва Сербия иштирок доранд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ иттилоъ доданд.
Машғулият бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея ва Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея бори нахуст дар байни давлатҳои Осиёи Миёна ташкил шуда, то 6-уми октябр идома меёбад.
Зимни он зикр шуд, ки ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2021 Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид. Ин имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Машғулият саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокдорон ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад, то падидаҳои марбут ба харобшавиро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонанд, дарк ва устуворона идора намоянд.
Боиси тазаккур аст, ки машғулиятҳои омӯзиширо мутахассисони ботаҷриба аз Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия мегузаронанд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188