ҲАМСОЯДОРӢ. ИҚДОМИ НАВ ДАР РОҲИ ТАҚВИЯТИ РИШТАҲОИ ДӮСТӢ
Риштаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек рӯз ба рӯз мустаҳкам мегардад, ки хеле хурсандиовар аст. Мисоли нави ин дӯстиро мо дар ноҳияи Сӯхи водии Фарғона эҳсос кардем.
Зимни сафари сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Раҳмонзода Абдуҷаббор ба водии Фарғона чанде аз ходимони муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, инчунин, кормандони маданияти ноҳия бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Чунин қадрнамоӣ ба дили Расулбек Гадоев, Ҳабибҷон Ҷӯраев, Зарифҷон Ботиров ва Бунёдҷон Шоматовҳо, ки дар соҳаи мактаб фидокорона фаъолият мебаранд, сурур бахшид. Инчунин Тоҷибой Юсупов, Неъматҷон Ҳомидов ва Абдумуҳаммад Аҳроров, ки солиёни зиёд дар соҳаи маданият ва санъати сӯхзамин хизмат мекунанд, болидаруҳ гаштанд.
Ба таври умум гӯем, ин иқдоми наку риштаҳои дӯстии халқу миллатҳоро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, омӯзгори мактаби №11-и ноҳияи Сӯх
Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189