ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ 

Таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ 

22 сентябр 2023, Ҷумъа
16
0


Дар пойтахти Ҷумҳурии Корея – шаҳри Сеул Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи миллии Корея Ким Ҷин Пё мулоқот намуд. 
Ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки фаъол гардидани гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва робитаҳои кумитаҳои дахлдор ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар доираи шарикии дарозмуддат мусоидат менамояд. 
Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои байнипарлумонӣ, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея таъсис ёфт.


"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 
Ҷоизадорони даври вилоятӣ қадр шуданд 
14-уми сентябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд.
Дар даврҳои якум ва дуюми озмун 67 ҳазору 473 нафар иштирок намуда, 1 ҳазору 146 нафар ба даври вилоятӣ ва тибқи хулосаи ҳайати комиссия 112 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ба онҳо ва 57 омӯзгор мукофоти пулӣ тақдим шуд.


Тангаҳои нав дар муомилот
Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, сиккаҳои нав бо арзиши номиналии 20, 50 дирам ва 1, 3, 5 сомонии барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуд.
Ин иқдом бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ сурат гирифта, тангаҳои барориши соли 2023 дар қатори сиккаҳое, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.


ХОРУҒ
Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хоруғ бинои Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Он дар раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, дар сурати рух додани ягон офати табиӣ кормандони ин ниҳоди давлатӣ метавонанд дар зудтарин фурсат ба осебдидагон ёрӣ расонанд. 
Бино дорои тамоми имконоти зарурӣ буда, дар доираи Барномаи мусоидат ба пойдории сулҳу субот тавассути инфрасохтори зарурии маҳаллӣ бунёд гардидааст. Дар он, инчунин, ду ҳуҷраи хоб, синфхонаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, анборхона ва иншооти ёрирасон мавҷуданд.


КӮЛОБ
Деҳаи Сангпар соҳиби мактаби замонавӣ гардид
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 барои 320 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.
Муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, дорои 12 синфхона, китобхона, майдончаҳои варзиш ва толори хонишу маҷлисгоҳ мебошад.


Дурахши филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Москва 
Синамогарони тоҷик дар Фестивали байналмилалии кинои миллии “Арки тиллоӣ”, ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, соҳиби ҷоиза гаштанд.
“Писари обӣ”-и коргардон Файзулло Файзов беҳтарин филми бадеӣ дониста шуд. Филм дар бораи муносибати одамон ба табиат, эҳтиёткорона истифода бурдани об нақл мекунад.
Филми коргардон Умед Мирзоширинов бо номи “Бародари хурдии фариштаҳо” бошад, дар бахши “Беҳтарин филми кӯтоҳ” ҷоиза гирифт. Филми 26-дақиқагӣ аз рӯи достони Сайф Раҳимзоди Афардӣ таҳия шуда, дар бораи як писаре аст, ки оилааш хурофотист. Писар ба шарофати қудрати бебаҳои руҳонии худ мотамро ба суруди шодӣ табдил медиҳад ва, ба ин васила, модар ва ҷаҳони атрофро наҷот медиҳад.

Санаи нашр: 22.09.2023 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив