ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДУРДОНАИ ШАРҚ” – дурдонаи адабиёт

“ДУРДОНАИ ШАРҚ” – дурдонаи адабиёт

22 сентябр 2023, Ҷумъа
87
0


Баҳори соли 2022 дар фазои фарҳангии Ӯзбекистон навиди хурсандибахш паҳн шуд. Бо ташаббуси шахси фарҳангпарвар Асадуллоҳ Исмоилзода бо номи “Дурдонаи Шарқ” маҷаллаи адабиву илмӣ таъсис ёфт. 
Он дорои якчанд бахшҳои хонданибоб, аз ҷумла адабиёти муосири тоҷики Ӯзбекистон, назм, наср, пажӯҳиш, адабиёти мумтози форсии тоҷикӣ, адабиёти ирфонӣ, адабиёти давраи ҷадидӣ, адабиёти навини Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, адабиёти тоҷикӣ-форсӣ дар Ҳиндустон, тарҷума, эҷоди ҷавонон, ғунчаҳои адаб, туҳфаи нашриёт, мебошад. 
Имрӯзҳо маҷалларо омӯзгорону муҳас-силини мактабҳо бо шавқ мутолаа мекунанд. Хусусан, хонандагони  мактаби рақами 11-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона на танҳо пайваста шумораҳои онро мехонанд, балки шеърҳои шогирдонаашон дар он ба табъ мерасанд. 
Боиси тазаккур аст, ки чанде пеш бо ташаббуси омӯзгор Мелибой Ҷӯраев хонандагони синфи 8-уми дабистони мазкур маҳфили қироати шеъру ҳикоёти дар маҷалла нашршударо ташкил намуданд. Донишомӯзон дар баромадҳои дилошӯбашон оид ба ҳусну қубҳи маҷалла ва шеъру ҳикоятҳои хондаашон андешаи хешро баён доштанд . Дар баромади онҳо эҷодиёти эҷодкорони адабиёти Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон садо дода,  аҳли ҳамоиш ғизои маънавӣ гирифтанд. Инчунин, аз эҷодиёти тоҷикони ҳамсоякишвар огоҳ гаштанд, ки ба такмилдиҳии дониши хонандагон таконе шуд. 
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
муаллими тоифаи олии мактаби рақами 11-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона

Санаи нашр: 22.09.2023 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив