ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД
![]()
НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ ТО СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ
Майдончаи варзиш бо саҳми аҳолии маҳал ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Каримзода бо сарфи 340 000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Бунёди чунин иншооти варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии насли наврас аҳамияти калон дорад.
Илова бар ин, сохтмони бинои иловагии дуошёна дар назди МТМУ №50 оғоз ёфт. Мувофиқи лоиҳа, бинои иловагӣ аз 8 синфхона иборат буда, барои 420 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони он аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Қарор аст, ки иншоот моҳи сентябри соли 2026 дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода супурда шавад.
БАЛҶУВОН. РОҲИ ДЕҲАҲОИ НЕКМАРДОН ВА ЧИНОР АСФАЛТПӮШ МЕГАРДАД
Роҳи деҳаи Некмардони деҳоти Сафобахш бо дарозии 3,8 километр бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш мешавад. Баъд аз анҷоми корҳои асфалтпӯшкунӣ мушкили чандсолаи сокинон дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бартараф гардида, равуои мардум, махсусан дар фаслҳои боришот, хеле осон мегардад.
Тавре иттилоъ доданд, корҳои таъмир ва асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Чинор дар масофаи 9 километр бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида истодааст. Саҳми сокинон ва соҳибкорон дар ободонии маҳалҳо хеле муҳим аст ва маҳз бо чунин корҳои дастаҷамъона сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.
НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ БО САРФИ 500 000 СОМОНӢ
Дар деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Алишер Сайдалиев бо сарфи 500 ҳазор сомонӣ майдончаи варзиш барои футбол мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои дӯстдорони футбол шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар паҳлуи майдонча сохтмони ҳавзи оббозӣ низ идома дошта, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои истироҳат, солимгардонӣ ва баргузории машқу тамринҳои варзишӣ хидмат хоҳад кард.
Дастгирии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои насли наврас аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Бо ин мақсад, бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ дар назди МТМУ №17 бинои иловагӣ барои 400 хонанда дар ду баст сохта ва мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди бинои иловагӣ бинобар норасоии ҷойи нишаст дар Муассиса роҳандозӣ гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ шуд.
Инчунин, дар назди МТМУ №42, воқеъ дар деҳаи Эмомтаърифии деҳоти Худоёр Раҷабов бинои иловагӣ қомат меафрозад, ки дорои 12 синфхона ва дафтарҳои корӣ буда, барои 340 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Дар доираи корҳои ободонӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Гулистон дар масофаи 4 километр амалӣ гардида истодааст, ки корҳои сохтмонӣ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра ба анҷом мерасанд. Барои татбиқи иқдоми муҳим аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 3 миллион сомонӣ ҷамъ гардидааст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
