КОНИБОДОМ. КОРГОҲИ БАСТАБАНДИИ МЕВАИ ХУШК ИФТИТОҲ МЕГАРДАД

06 май 2026, Чоршанбе
23

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар деҳоти Патари шаҳри Конибодом сохтмони коргоҳи бастабандии меваи хушк идома дорад. 


Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, барои коркард ва бастабандии меваҳои маҳаллӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Бунёди чунин коргоҳ имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзӣ коркард шуда, бозори дохилӣ таъмин ва содироти он ба кишварҳои хориҷа густариш ёбад. 
– Дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла, дар боғи фарҳангу фароғати «Истиқлол» фаввораҳо бунёд шудаанд, ки барои истироҳати сокинон мусоидат менамоянд. Боғи мазкур дар майдони тақрибан 2 гектар бунёд гардида, дорои 20 намуди атраксион, фаввораҳои замонавӣ, нишастгоҳҳо ва дигар инфрасохтори хидматрасонӣ буда, ба боғ ҳусни тоза зам менамоянд, – гуфт ба хабарнигори “Ҷумҳурият” сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ. – Ҳоло боғ ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил ёфта, махсусан дар шомгоҳон, шумораи зиёди шаҳрвандон барои истироҳат ба ин ҷо меоянд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.05.2026 №: 87