НАТИҶАГИРӢ
278 медали варзишгарони кишвар дар шаш моҳ
Дар нимаи аввали соли 2026-ум 480 варзишгар, аъзои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш дар 87 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори 278 медал, аз ҷумла 76 тилло, 88 нуқра ва 114 биринҷӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 40 медал зиёд мебошад.
Тавре Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ дод, феълан дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ фаъолият менамояд, ки 129-тоаш варзишгоҳ, 7861 майдончаи варзишӣ, 2321 толори варзишӣ, 107 ҳавзи шиноварӣ, 91 маҷмааи варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, фитнес, боулинг, билярд, каток, тенниси рӯи миз мебошанд. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 87 иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла 59 майдончаи варзишӣ, 24 толори варзишӣ, 2 маҷмааи варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ ва 2 варзишгоҳ бо маблағи умумии 114 миллиону 619 ҳазору 400 сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
РУШДИ ВАРЗИШ
35 соли истиқлол – 35 қуллаи варзишӣ
Дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли истиқлол – 35 қуллаи варзишӣ” мусобиқаҳои кушод барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд баргузор мегардад.
Ба иттилои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, 35 мусобиқа аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла тенниси рӯйи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, вазнбардорӣ, гӯштини юнонӣ-римӣ, кураш ва ғайра, бо ҳадафи тарғибу ташвиқи варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллӣ, инчунин, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби вилояти Суғд роҳандозӣ мешавад.
ТЕННИС
Муваффақияти навбатии Сомон Амонов
Варзишгари ҷавон, дастпарвари Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои теннис ва бадминтон Сомон Амонов дар мусобиқаи байналмилалии рейтингии “Fergana Cup ITF J60”, ки дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор гардид, медали тилло ба даст овард.
Дар рақобатҳои ҷуфти мардҳо Сомон дар якҷоягӣ бо намояндаи Ӯзбекистон Абдураҳмон Каримов бо гузаштан аз марҳалаҳои мусобиқа ба даври финалӣ роҳ ёфта, бар варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳмудбек Бекназаров ва Ҷумҳурии Лаҳистон Юлиуш Станчик пирӯз шуда, ба гирифтани медали тилло мушарраф гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки Сомон Амонов чанде пеш дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҷуфт ду медали тилло ба даст оварда буд.
ФУТБОЛ
Лигаи Олӣ: бозиҳо пас аз танаффуси якмоҳа аз сар гирифта шуданд
Рӯзҳои истироҳати гузашта мо шоҳиди бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шудем.
Дар бозии марказии давр тими “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаи дигари шаҳри Турсунзода – “Сардор” низ дар сафар бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ду бозии дигари давр “Вахш” бар “Эсхата” бо ҳисоби 4:2, “Ҳосилот” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 5:2 ғолиб омада, ду бозӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ” – “Равшан” ва “Хуҷанд” – КМВА бо ҳисоби якхелаи 1:1 мусовӣ шуд.
Пас аз натиҷагирии 13 даври бозиҳо, “Регар-ТадАЗ” бо 27 хол ба ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа баромад. “Ҳосилот” низ, ки 27 хол дорад, дар зинаи дуюм, “Истиқлол” бо 25 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ доранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
