ШОМИ ШАНБЕ

10 июл 2026, Ҷумъа
1


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз ҳар як калима вожаи наве бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН


Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 935 35 51 50


Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ 3-ЮМИ ИЮЛ (№129):
1. Сипоҳидухтар 2. Қаҳрамонмодар 3. Ҳамешабаҳор 4. Фарзонафарзанд
5. Тамаддунофар 6. Таҳамтанзот 7. Даргоҳнишин 8. Ситораборон
9. Симинпайкар 10. Канорагард.


ЯК ҲИКМАТИ ОМӮЗАНДА


Пас аз ҳафтаи вазнини корӣ падар ният дошт, ки истироҳат мекунад, вале духтари 6-солааш субҳи барвақт аз дар даромада, ӯро бедор кард:
– Падарҷон, рӯз шуд, биёед маро ба боғ баред!
Падар ваъдаи ба Садбарг додаашро ба ёд овард, вале хоҳиши аз хона баромаданро надошт. Фикр кард, ки чӣ гуна тамошои боғро ба вақти дигар гузорад. Дар ҳамин вақт чашмаш ба харитаи ҷаҳон афтид, ки рӯбарӯяш овезон буд. Харитаро аз девор озод гирифта, ба чанд пораи хурд тақсим карда, ба духтараш дода гуфт:
– Агар ҳаминро ҷобаҷо карда биёрӣ, туро ба боғ мебарам. Хилофи интизор, чун духтарча баъди даҳ дақиқа баргашта омад, падар ҳайрон монда, пурсид:
– Духтарам, ту чӣ тавр харитаи даридаро дуруст кардӣ?
– Вақте коғазпораҳоро аз пеши шумо мебурдам, дидам, ки дар пушти онҳо акси як одам аст. Одамро, ки дуруст кардам, ҷаҳон худаш дуруст шуд!
Таҳияи Кароматулло АТО


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
* Дар ҷанги шаҳрвандии Амрико солҳои 1861 – 1865 дар таърихи тибби ҳарбӣ духтурон аввалин бор аз морфин (ҷавҳари тарёк) ҳамчун доруи сабуккунандаи ҷароҳатҳои вазнин истифода бурданд, ки оқибатҳои манфӣ низ дошт.


* Аз моҳи ноябри соли 1941 дар Иттиҳоди Шуравӣ андоз барои бефарзандӣ амал менамуд, ки 6 дарсади даромади умумиро ташкил медод.


* Соли 1952 пас аз марги Президент Хаим Взейманн Сарвазири Исроил Давид Бен-Гурион вазифаи сарвари давлатро ба физики машҳур Алберт Эйнштейн пешниҳод кард. Аммо Эйнштейн надоштани таҷрибаро дар корҳои маъмурӣ далел оварда, аз пешниҳод даст кашид.


* Дар забони ҷопониҳо дашном умуман вуҷуд надорад.


* Ширкати «Apple» дар 1 сония 1444 доллар даромад мегирад.


Таҳияи Кароматулло АТО


БАРДОШТҲОИ АҶИБ АЗ РӮЗГОРИ ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ
Эрнест Ҳемингуэй, нависандаи амрикоӣ ва дорандаи Ҷоизаи Нобел, ба бокс дилбастагӣ дошт. Факти собитшуда аст, ки ӯро ҳатто чанд маротиба барои ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ даъват кардаанд.
* * *
Леонид Брежнев, роҳбари собиқи Иттиҳоди Шуравӣ, ҳамчун дилбохтаи шикор 90 милтиқ дошт.
* * *
Анатол Франс, дорандаи Ҷоизаи Нобел, ба ҷамъоварии зангӯлаҳо майли зиёд дошт. Ӯ шумораи рекордии зангӯлаҳоро дар хонааш нигоҳ медошт.
* * *
Нависандаи машҳури амрикоӣ Оскар О’Коннор шефтаи парандаҳо буд. Ӯ зиёда аз 100 намуди парандаи гуногуну ноёбро дар фермаи махсус парвариш ва нигоҳубин мекард.
Омодасоз Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
КИТОН
Асрори ивази насаб


Ҳаводорони Ҳолливуд Майкл Китонро хуб мешиносанд. Махсусан, вақте сухан атрофи нақшҳои офаридаи ӯ «Бэтмен» ва «Битлҷус» меравад. Нақшҳое, ки ба ин ҳунарманди саршиноси амрикоӣ ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» подош овардаанд. Аммо кам касоне огоҳанд, ки номи аслии ӯ на Майкл Китон, балки Майкл Дуглас аст.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки вақте ин ҳунарманд барои иҷрои нахустин нақши худ интихоб мешавад, бо маслиҳати коргардони машҳур Тим Бёртон насабашро тағйир медиҳад. Ҳадафи коргардон ин буд, ки тамошобин ҳунарманди ҷавонро аз ҳамноми, аллакай, шинохтааш Майкл Дуглас фарқ карда тавонад.


Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА


ФАБИАНА


24-уми июн дар Венесуэла заминларзаи мудҳиш ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расиданд.
Бо вуҷуди ин, наҷотдиҳандагон чандин нафарро аз зери харобаҳо наҷот доданд. Яке аз онҳо Фабианаи 12-сола мебошад, ки 32 соатро дар зери харобаҳои бинои истиқоматиашон гузаронда буд. Фабиана ба ёд меорад: «Пас аз ин қадар соатҳо дар зери харобаҳо, вақте ки наҷотдиҳандагонро дидам, фаҳмидам, ки имрӯз нахоҳам мурд». Навори видеоии он лаҳзае, ки Фабианаро бо чеҳраи хандон дар умқи сӯрохие миёни вайронаҳо нишон медод, дар Венесуэла ба таври густарда паҳн шуд. Фабиана бо табассумаш на танҳо Венесуэла, балки дунёро мафтун кард.


Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


БИНОӢ ПАС АЗ 13 СОЛИ НОБИНОӢ


Вақте сокини Зеландияи Нав, Лиза Рид 11-сола буд, ба ӯ ташхиси осеми мағзи сар (опухоль мозга) гузошта шуд. Баъди ҷарроҳӣ ва хориҷ кардани он, Лиза биноиашро аз даст дод.
Тули 13 соли баъдӣ Лиза комилан нобино буд. Вай зиндагии мустақилонаро омӯхт: дар аввал аз асо истифода мебурд ва баъдтар саги роҳбалад бо номи Эми ба ӯ кумак мекард.
Як шом зан хам шуда, мехост саги худро пеш аз хоб бибӯсад, аммо мувозинатро аз даст дода, ба кунҷи миз бархӯрд. Осеби дидааш сабук буд, аз ин рӯ, ба табиб муроҷиат накард. Субҳи рӯз ӯ бо тааҷҷуб дарёфт, ки бо як чашмаш дида метавонад. Ба гуфтаи Лиза, биноиаш тақрибан 80 дарсад барқарор шудааст, ки ба ӯ имкони фарқ намудани чеҳраҳо ва хондани матнҳои калонро медиҳад. Акнун вай метавонад мустақилона сайругашт кунад.


Таҳияи Наргис АТОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҶОИЗА «БАРОИ ДИЛУ ГУРДА»
Рафиқон, аз кори мо мардум тамоман норозӣ. Ман худам ҳам ҳайрон, боз аз кадом роҳу восита истифода барем, ки сафи роҳбарони фасодзада каме коҳиш ёбад?
– Биёед, барои мансабдороне, ки аз ҳама бештар хазинаро тороҷ мекунанд, ҷоиза таъсис диҳем.
– Тавба, ақлатон дар ҷояш?
– Албатта, дар ҷояш. Охир, тасаввур кунед, аз чор тараф мо назора мебарем, аз чор тарафи дигар мақомоти судӣ дандон тез дорад, ки нафареро бо гумони порахӯрӣ парванда кушояд. Дар чунин анбуҳи назоратҳои давлатӣ танҳо мансабдори боғайрат таваккал карда даст ба дуздӣ мезанад. Барои ҳамин, таъсиси ҷоиза «Барои дилу гурда» тамоман аз рӯйи адолат аст.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


ПУРСИДЕД, ПОСУХ МЕГӮЕМ:


– Рафтори мансабдорони порахӯр ба қаиқронҳои варзишгар чӣ монандӣ дорад?
– Ҳар ду беист чангол мезанад.
Дуруст.
– Акнун гӯед, ки фарқаш дар чӣ аст?
– Қаиқронҳо гоҳ-гоҳ дастонашонро дам медиҳанд, порахӯрон не.


Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


ДУГОНИКҲОИ ГУНОГУНРАНГ
Одатан, дугоникҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Аммо дар ҳар қоида истисноҳо вуҷуд доранд. Масалан, соли 1997 дар Британия дугоникҳое ба дунё омаданд, ки таваҷҷуҳи оммаро ба худ ҷалб мекарданд, зеро онҳо на танҳо чеҳраҳои гуногун, балки ранги пӯсти мухталиф доштанд: яке сафед ва дигаре сиёҳпӯст. Инҳо Марияи сиёҳпӯст ва Люси сафедпӯст мебошанд, ки аз падари сафедпӯсти бритониёӣ ва модари сиёҳпӯсти ямайкагӣ ба дунё омодаанд. Ҳар касе, ки Мария ва Люсиро мебинад, на танҳо ба дугоник будани онҳо, балки ба апаву хоҳар буданашон бовар намекунад.
Хоҳару бародарони онҳо низ гуногунранганд.


Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


Зиндагӣ аз диди Вилям Шекспир


Вилям Шекспир, яке аз бузургтарин нависандагони англис, мегӯяд: "Вақте мехостам суҳбат кунам, гуфтанд: "Гӯш кун!". Мехостам бозӣ кунам, маро кор кардан омӯхтанд. Замоне кор пайдо кардам, издивоҷ намудам. Издивоҷ кардам, ки кӯдакҳо ба дунё омаданд. То кӯдаконро дарк намудам, ки маро тарк карданд. Ҳангоме ёд гирифтам, ки чӣ гуна зиндагӣ кунам, зиндагӣ тамом шуд".
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Дар ҳамин рӯз, яъне 10-уми июли соли 1856, яке аз бузургтарин ихтироъкорони таърих Никола Тесла ба дунё омадааст, ки ӯ бо андешаҳои навоварона ва кашфиёти худ дар рушди илму техника нақши бузург гузошт. Муҳимтарин ихтирои Тесла – такмили системаи ҷараёни тағйирёбандаи барқ (АС) буд, ки имконият дод, то неруи барқ ба масофаҳои дур интиқол ёбад ва асоси шабакаҳои муосири энергетикиро ташкил диҳад.
Ӯ, инчунин, муҳаррики индуксионии барқӣ, ғалтаки машҳури Тесла ва яке аз аввалин дастгоҳҳои идоракунии бесимро ихтироъ кард.
Тесла на танҳо муҳандиси барҷаста, балки шахсе буд, ки ба оянда бо назари нав менигарист. Ӯ солҳои пеш аз пайдоиши технологияҳои имрӯза дар бораи алоқаи бесим, автоматикунонӣ ва истифодаи неруи тоза андеша мекард. Имрӯз номи Никола Тесла ҳамчун рамзи зеҳни эҷодкор ва ҷустуҷӯйи имкониятҳои нав дар илм боқӣ мондааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


МУЛЛО ВА ОСИЁББОН
Ҳикмати як баҳс
Зоҳиде гандумашро ба осиёб бурд. Осиёббон халтаи ӯро дар навбат бимонд, то пасон орд кунад.
Магар чунин рафтори одилона ба зоҳид хуш наомад, ки ҳавобаландона гуфт:
– Гандуми маро зудтар орд кун, вагарна дуо мекунам, маркабат ба санг табдил мешавад!
Осиёббон гуфт:
– Ту, ки чунин тавон дар даст дорӣ дуое кун, то гандумат бе осиёби ман орд шавад!
Дар ҳоле ки зоҳид аз ин посух хомӯш монду шармсор шуд, осиёббон афзуд: «Эй мард, дуо барои хайру баракат аст, на барои тарсу зиён!».


Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН


Пирӯзии Levi’s бар FIFA дар Ҷоми ҷаҳон-2026


Яке аз мавзуъҳои баҳсӣ дар берун аз майдонҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол рақобати ғайричашмдошт миёни FIFA ва бренди “Levi’s” гардид.
Гап сари он ки мувофиқи низомнома, дар майдонҳои баргузории мусобиқа набояд нишона ё логотипи ширкатҳое намоён бошад, ки шарики расмии Ҷоми ҷаҳон нестанд. Ин талабот ба “Levi’s Stadium” дар шаҳри Санта-Клара низ дахл кард. Логотипи машҳури истеҳсолкунандаи ҷинс дар рӯйи бино бо пардаи сафед пӯшонда шуд. Аммо натиҷа комилан баръакси интизориҳо баромад.
Гарчанде номи бренд аз назарҳо пинҳон монд, шакли логотип ҳамоно ба осонӣ шинохта мешуд. Аксҳои варзишгоҳ дар муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштанд.
Дар “Levi’s” фавран аз ин имконият истифода бурданд. Ширкат тарҳи саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоиро тағйир дода, логотипро маҳз ба ҳамон шакле ороиш дод, ки гӯё бо пардаи сафед пӯшонда шудааст. Дар натиҷа, ширкат чизеро ба даст овард, ки ҳатто бо миллионҳо доллар мушарраф шудан ба он ғайриимкон аст.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ


10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУД
6. Даниэл Аггер
Даниэл Мюнте Аггери даниягӣ соли 1984 таваллуд шудааст ва баъд аз футбол устои тату шуд.
Футболбозиро соли 1995 дар академияи клуби футболи маҳаллии “Росенхёй” оғоз карда, солҳои 2006 – 2014 ҳимоятгари дастаи “Ливерпул” буд. Августи 2014 ба клуби “Брондбю”-и Дания гузашт ва соли 2016 бо сабаби бардоштани ҷароҳат аз анҷоми карйерааш хабар дод.
Даниэл аз рассоми татуировка будан лаззат мебарад. Ӯ ба бисёре аз ҳамдастаҳои худ дар “Ливерпул” тату задааст.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ


40 МИЛЛИОН СОЛ
Умри як порчаи қаҳрабо дар Калининград
Дар комбинати қаҳрабои Калининград як порчаи нодири қаҳрабо бо вазни 1,5 килограмм истихроҷ гардид. Синни ин бозёфти беназир тақрибан 40 миллион солро ташкил медиҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти «Ростех» ба расонаҳои Русия иттилоъ додааст. Дар хабар омадааст, ки ин порчаи қаҳрабо тақрибан 40 миллион сол пеш, бар асари ҷорӣ шудани шираи дарахти санавбар ба дохили танаи он, ба вуҷуд омадааст. Шира фазои холии дохили дарахтро пур карда, тадриҷан сахт шудааст ва шаклу сохтори дохилии онро то имрӯз ҳифз кардааст.
Ба ин бозёфти нодир ба муносибати 80-солагии таъсисёбии вилояти Калининград номи «Ҷашнӣ» («Юбиляр») гузошта шуд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ


АЗ ПУЛДОРОН ПУЛ НАПУРСЕД...
Шоир ва публитсисти немис Ҳенрих Ҳейне аз нотобии дӯсти миллиондораш Ротшилд хабар ёфта, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд: "Ин ҷаноб ягон дард надорад, шояд дар хобаш дидааст, ки 100 ҳазор франкро ба камбағалон тақсим мекунад, барои ҳамин касал шудааст".
Аз пулдорон пул напурсед, ки бемор мешаванд. Ҳар он саховате кардаанд, аз тарс ё барои худситоӣ намудаанд, вагарна дар куҷо дидед, ки санг мум шудааст.


Таҳияи З. РАҶАБ


Шири гулобии фламинго
Фламингоҳо барои чӯҷаҳо-яшон аз гулуи худ як намуд шир (crop milk) ҷудо мекунанд. Ҳам фламингоҳои модина ва ҳам нарина ин моеи серғизоро истеҳсол мекунанд, ки аз равғанҳо, сафедаҳо ва пигментҳо бой аст.Ин моеъ ранги сурх ё гулобии дурахшон дорад, чунки дар таркибаш каротиноидҳо (моддаҳои рангкунанда) зиёданд.
Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ


10 БОҒИ ЗЕБОТАРИН ДАР ҶАҲОН
Боғи миллии ботаникии Кирстенбос


Ин боғи машҳур дар Африқои Ҷанубӣ ҷойгир аст. Боғ дар рӯйхати боғҳои қадима нест, зеро он соли 1913 бунёд шудааст. Бо вуҷуди ин, он яке аз ҷойҳои машҳуртарин, зеботарин ва маъмултарин дар байни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Кирстенбос дорои як бартарии беназир аст. Дар боғ як макони машҳур ва ҷолибу дилкаше вуҷуд дорад, ки дар он рустаниҳо бо рангҳои ғайриодӣ, аз ҷумла сабзи торик ва қаҳваранг, парвариш мешаванд. Бинобар ин, барои дидани набототи ин қисми боғ сайёҳон аз тамоми ҷаҳон меоянд
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

Санаи нашр: 10.07.2026 №: 134