ДАНҒАРА. ВАТАНСОЗӢ БА ШИОРИ ЗИНДАГӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

27 апрел 2026, Душанбе
49

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки тамоми саъю кӯшиши хешро барои амалисозии нақшаҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо ин роҳ, боз ҳам ободтар гардондани Ватани маҳбуб равона созем.
Имрӯз ба кадом рустои кишвар ҳатто ба дурдасттарин деҳот сафар кунед, мардумро саргарми кор мебинед: ҳама аз пайи ободонӣ, дар фикри бунёдкорианд. 

Мардуми сарбаланди ноҳияи Данғара низ чун дигар шаҳру ноҳияҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо заҳмат мекашанд. 
“Мо – сокинони ноҳияи Данғара, барои омодагӣ ба ин рӯзи фирӯз мактаб, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, мағозаҳо, иншооти хурди хидматрасонии зиёде бунёд кардем. Роҳҳои аҳамияти ноҳиявию маҳаллиро асфалтпӯшу сангфарш намудем”, – иброз дошт, дар оғози суҳбат ба хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” муовини раиси ноҳия Зуҳро Ҳакимзода. Ба гуфтаи ӯ, сокинони сарбаланди ноҳия дар таъмини рифоҳи зиндагӣ нақши муассир дошта, саҳми онҳо дар фаъолияти созанда ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ назаррас аст. Ҳар навгонӣ ва пешравие, ки дар ноҳияи Данғара ва умуман, дар Тоҷикистон ба вуқуъ мепайванданд, ба исми шарифи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робита доранд. Сарвари халқпарвари мо ба ҳар як соҳа, ба хотири рушду пешравии ҷомеа ва роҳату осуда будани мардум, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Натиҷаи ин ҳама корбариҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст, ки ноҳияи мо, бахусус дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хеле рушд кардааст.


РОҲСОЗӢ. ИҚДОМҲОИ ВАТАНДӮСТОНА ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА

Баъд аз мулоқоту суҳбат бо роҳбарияти ноҳия роҳ пеш гирифтем ба деҳаи Остонаи деҳоти Лолазор, ки дар домони кӯҳ ҷой гирифтааст. Чунончи аз деҳа хабар расид, гурӯҳи калони сокинон асфалтпӯшкунии роҳи дорои аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаро оғоз намуданд. Сокинону соҳибкорони ин минтақа дастуру ҳидоятҳои ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси фаъолияти хеш қарор дода, маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои кори хайр, аз ҷумла ободонию созандагӣ ва асфалтпӯшкунии роҳҳои байнидеҳавӣ, сарф намуда, бо ин амал саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ба иттилои масъулон, барои асфалтпӯшкунии роҳ, соҳибкорону сокинон беш аз аз 6 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ намудаанд. Дарозии роҳ беш аз 9 километр буда, 5,2 метр паҳноӣ дорад. Корҳо аз деҳаи Остона оғоз ёфтаанд. Сохтмончиён нақша доранд, ки корро бо сифати баланд дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонанд. Сокинони деҳа ваъда доданд, ки баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани роҳ ба тозаву озода нигоҳ доштани он муваззаф хоҳанд шуд.

Сокини деҳаи Остона Муҳриддин Шокиров шукронаи якдилӣ, амну амонӣ ва ҳамраъйии мардумони шаҳру ноҳияҳоро карда, дар суҳбат гуфт, ки диёрамон ба ҷуз худамон, каси дигар омада обод намекунад. Ободии шаҳру рустову маҳал ҳамеша аз роҳҳо сар мешавад. Ҷое, ки роҳ обод аст, ҳатман пешравиву осудаҳолӣ ҳам ҳаст.

Хушбахтона, мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои хирадманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалқа зада, ободкориву созандагиро мароми хеш қарор додаанд. Бовар дорем, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари дурандеши давлат ва ҳиммату мардонагии мардуми сарбаланди диёр солҳои наздиктарин Тоҷикистон аз рӯйи сифат ва ободии роҳҳо дар минтақа ба пешрафтатарин кишвар табдил меёбад.

ПУШИНГ. КӮДАКИСТОНИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ҒИҶОВАК

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди деҳоти Пушинг бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ пайи ободии диёр буда, як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳу пул сохтаанд ва корҳои созандагиву ободониро идома дода истодаанд. Фарзи мисол, дар деҳаи Ғиҷовак бо иқдоми сокинони маҳаллӣ, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №23 босуръат идома дорад. Бино моҳи сентябри соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.

Маҳмадӣ Ҳайдаров, директори Муассиса, ин ҳама ободиро аз баракати сиёсати хирадмандонаи Сарвари маорифпарвари кишвар арзёбӣ карда, иброз дошт, ки бунёди иншооти соҳаи маориф ба беҳтар шудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандаҳо мусоидат менамояд.
Тавре иттилоъ гирифтем, аз оғози сохтмони Муассиса як сол сипарӣ нашуда бошад ҳам, аллакай, корҳо дар ҳар ду ошёнаи бино ба охир расидаанд. Бинои мазкур барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои омӯзгорону хонандаҳо ва сокинони ин деҳа туҳфаи арзанда аст.

Тавре Акбар Боймуродов, омӯзгори Муассисаи мазкур, иброз дошт, ҳамаи ин бунёдкориҳо ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, соҳибкорони ватандӯст ва масъулиятшиносии сокинон ба даст омадаанд. Ҳар боре ки Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳо сафар менамоянд, шоҳиди пешравиҳои зиёд мешавем. Мо – омӯзгоронро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат аз таҳти дил меҳнат карда, саҳми назарраси худро дар пешрафту шукуфоии бештари Ватани азизамон гузорем ва дар ин баробар, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми заҳмати дигарон ва майли том ба донишу касбомӯзӣ тарбия намоем.

Ҳамчунин, дар деҳаи Ғиҷовак кӯдакистони “Зирамоҳ” аз тарафи соҳибкорону шахсони саховатпеша дар асоси супориши Роҳбари давлат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистон дар маҳаллаҳои дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ эъмор мегардад. Корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2025 оғоз ёфта, бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд то моҳи сентябри соли равон бо тарҳи миллӣ ва муосир сохта мешаванд. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимот барои бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани беш аз 200 кӯдак дар 7 гурӯҳ пешбинӣ мегардад. 
Маркази саломатӣ низ дар деҳаи Ғиҷовак аз тарафи соҳибкорон бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хидматрасонии тиббӣ ба сокинон таъмир шуда истодааст. Бино дорои таҷҳизоти махсуси панелҳои офтобӣ мебошад. Дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар кишвар зиёд гардида, сатҳу сифати хидматрасониҳо боло мераванд.
– Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, ки рӯз ба рӯз деҳаҳои кӯҳистон тараққӣ мекунанд. Ҷавонон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Мисоли равшан, мо – сокинон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашидем, соҳибкорон иқдом гирифта, 120 метр чоҳ канда, бо об таъмин намуданд. Илова бар ин, беш аз 4 километр роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои деҳа, ки таъмирталаб буданд, тахту ҳамвор ва асфалтпӯш шуданд, – изҳори қаноатмандӣ кард пирамарди 83-солаи деҳа Эмомиддин Зайниддинов.


СОЗАНДАГӢ ШИОРИ МАРДУМ ШУДААСТ

Чашм мафтуни ҳама сарсабзиҳои гирду атроф ва роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳоти Исмат Шарифов. Соҳибкорони ин деҳот дар амалӣ сохтани сиёсати созандаи Сарвари давлат, камолоти мактаби садоқату боварӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои насли имрӯзу фардо намунаи ибрат гардидаанд. Аз ҷумла, сокинони деҳаи Булёни Поён бо дарки масъулияти баланд, даст ба амалҳои хайр зада, маблағҳои ҷамъовардаашонро барои навсозии роҳҳои деҳа равона менамоянд.

Собир Қиматов, сокини деҳаи Булёни Поён, мегӯяд, ки шукри осудагиву оромӣ. Пештар аз куҷо мардум роҳу сохтмон мегуфт? Ҳама дар ғами ҷон будем. Бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, Худо хоҳад, ба рӯзҳои аз ин беҳтар ва фардои дурахшонтар хоҳем расид. Раҳмат ба ҷавонмардони баору номус ва ҳам соҳибкорон, ки ба мушкили мардум расидагӣ мекунанд ва симои деҳа бо бунёди иншооти нав рӯз ба рӯз зебову дилработар мегардад.


Ҳоло соҳибкорону ҷавонони саховатманди деҳа ба масофаи 600 метр ҷӯйборҳои бетонӣ хобонда, роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои деҳаро тахту ҳамвор ва шағалпӯш кардаанд. Рӯзҳои наздик насби сутунпояҳои равшанидиҳанда низ оғоз мегардад. Соҳибкорони деҳа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат, корҳои ободониро идома дода, дар таъмини некуаҳволии мардум ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми худро меафзояд.
– Мо – сокинони деҳаи Булёни Поён, ба Пешвои миллат барои ташаббусҳои созандаашон сидқан изҳори сипос менамоем. Дар пайравӣ ба ин фарзонафарзанди миллат аст, ки соҳибкорон, ҷавонони саховатманди бо нангу номуси Ватан барои ободии ин деҳа камари ҳиммат бастаанд. Бовар дорем, ки минбаъд низ сафи чунин соҳибкорон, пайравони воқеии Пешвои миллат зиёд гардида, на танҳо деҳаи Булёни Поён, балки дигар деҳаҳои кишварамонро низ боз ҳам ободу зеботар мекунанд, – иброз дошт Норас Мирзоев, муовини раиси маҳалла.


Кароматулло АТО,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
Душанбе – Данғара – Душанбе

Санаи нашр: 27.04.2026 №: 77