БМТ. МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ҲАЙАТИ ҶС “БОНК ФРИДОМ ФИНАНС ҚАЗОҚИСТОН”
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”, ки бо сафари корӣ ба Бонки миллӣ ташриф оварданд, мулоқот намуд.
Ҳоким Холиқзода ҳайати меҳмононро ба Бонки миллӣ хайрамақдам гуфта, таъкид бар он дошт, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар руҳияи шарикии стратегиву манфиатҳои тарафайн рушд менамояд ва ба он мулоқоти пайвастаи роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон заминаи мусоид мегузорад.
Роҳбари Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” Айдос Жумагулов барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллӣ миннатдорӣ баён намуда, маълумоти муфассалро оид ба самтҳои фаъолияти “Freedom Holding Corp” дар шакли рӯнамо манзур намуд.
Зикр шуд, ки гурӯҳи Фридом Финанс аз ташкилотҳои молиявӣ, брокерӣ, суғуртавӣ, пардохтӣ, мобилӣ ва нақлиётӣ иборат буда, доираи васеи маҳсулоти рақамии бонкӣ – ипотекаи рақамӣ, қарзи рақамӣ, барои хариди воситаҳои нақлиёт, лоиҳаи музди меҳнат, қарзи тиҷоратӣ, пасандоз, интернет-банкинг ва ғайраҳоро дар Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамояд.
Айдос Жумагулов зикр кард, ки Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” нақша дорад, доираи фаъолияти худро дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ-рақамӣ боз ҳам васеъ намояд. Инчунин, ӯ дар кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Тоҷикистон манфиатдор будани Бонки мазкурро изҳор намуд.
Раиси Бонки миллӣ зикр кард, ки қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.
"Бонки миллӣ иқдоми Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-ро барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Тоҷикистон, ки ба ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди мамлакатамон мусоидат менамояд, хуш истиқбол намуд ва онро дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ менамояд”, – иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”