ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ.  ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ПУРРА БАРТАРАФ МЕШАВАНД

ХОРУҒ.  ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ПУРРА БАРТАРАФ МЕШАВАНД

21 феврал 2023, Сешанбе
68
0
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода сокинонеро, ки бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷароҳат бардоштанд, хабар гирифтанд. Раиси вилоят ба табибон ҷиҳати хуб нигоҳубин намудан ва расондани ёрии тиббӣ ба беморон супоришҳои мушаххас дод.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, боришоти зиёди рӯзҳои охир ба хоҷагии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороти зиёд ворид намуд. Мутаассифона, дар баробари хисороти молӣ, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. 
Ёдовар мешавем, ки 15 феврали соли 2023, тахминан соати 10:00 дар шаҳри Хоруғ, дар натиҷаи фаромадани тарма сенздаҳ нафар ҷони худро аз даст дод, ки дар байни онҳо кӯдакони хурдсол ва занон низ ҳастанд. Нафароне, ки бар асари ин офати табиӣ осеби ҷисмонӣ бардоштанд, дар муассисаҳои табобатии шаҳри Хоруғ бистарӣ гардидаанд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ванҷ низ фавти ду сокин бар асари фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд, идома дорад. Барои ҷустуҷӯи ин шахсон кормандони мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, неруҳои сарҳадӣ ва ихтиёриён сафарбар гардидаанд. 
Бар асари хисороти табиӣ дар шаҳри Хоруғ 39 манзили истиқоматӣ, аз он ҷумла 6-то, пурра вайрон гардида, ҳаҷми хисороти 33 хонаи дигар аз ҷониби комиссияи махсус муайян карда мешавад. 
Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода дар ҳайати намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор таъсис ёфта, ба самти ВМКБ сафарбар гардид.
Оилаҳое, ки манзилашон бар асари офати табиӣ зарар дидааст, бо ҷойҳои муваққатии зист ва хӯроку дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин шуданд. Инчунин, бо супориши роҳбарияти олии мамлакат ба ҳамаи зарардидагон кумаки якдафъаинаи зарурии молиявию моддӣ ва ғизоӣ расонда, пас аз муайян намудани ҳаҷми хисорот манзилҳои истиқоматии зарардидаи сокинон ва дигар инфрасохтор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра барқарор карда мешаванд.
Дар тамоми ҳудуди вилоят, сокиноне, ки хонаҳояшон дар мавзеъҳои хавфнок қарор доранд, ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд.
Айни замон, боришот идома дошта, дар ҳамаи самтҳо роҳи байналмилалӣ баста буда, мусофирону ронандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони саховатпеша бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин мешаванд.
Инчунин, субҳи имрӯз раиси вилоят Мирзонабот Алишер ҷаласаи фаврӣ баргузор карда, масъулин барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки хисороти ҷонию моддиро дар пай овард, дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. 
Раиси ВМКБ ба сохторҳои масъул, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят, Ширкати барқии “Помирэнерҷӣ”, ширкатҳои мобилӣ, раёсати маориф, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати дар муҳлати кӯтоҳ бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ супоришҳои иловагӣ дод.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив