МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА ВА ЭРВЕ ЖОЛИ
Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори Институти муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жоли баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои нави бозомӯзии мутахассисон ва роҳандозии чорабиниҳои таълимӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Дар мулоқот, инчунин, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳоким Холиқзода ташрифи директори Институти муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жолиро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Институти муттаҳидаи Вена барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар сатҳи олии ҳирфаӣ доир гашта, мавзуъҳои муҳими бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкиро дар бар мегирад, миннатдорӣ баён намуд.
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки Институти муттаҳидаи Вена яке аз институтҳои пешбари молиявӣ маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони ташкилотҳои молиявии давлатӣ ва бонкҳои марказӣ нақши босазо дорад ва саҳми он дар бахши баланд бардоштани дониши тахассусӣ ва омода намудани мутахассисони бахши иқтисод ва молия назаррас арзёбӣ мегардад.
Чорабиниҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби Институти мазкур ташкил карда мешаванд, доираи васеъ, аз қабили таҳияи сиёсат ва идораи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории молиявӣ, баҳисобгирии макроиқтисодӣ ва молиявӣ, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои тахассусиро дар бар мегиранд.
Зикр гардид, ки дар давоми солҳои ҳамкорӣ беш аз 500 нафар корманди сатҳҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои таълимии роҳандозинамудаи Институти мазкур иштирок ва сатҳи донишу малакаи худро баланд намуданд.
Директори Институти муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жоли барои пазироии самимӣ бо арзи сипос, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза барои ташкилоташон хеле муҳим аст, зеро ин аввалин сафари кории ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз Бонки миллии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҳоким Холиқзода бори дигар ба Институти муттаҳидаи Вена (JVI) барои ҳамкорӣ ҷиҳати ташкили чорабиниҳои таълимӣ арзи сипос намуда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд низ чорабиниҳои таълимӣ барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Институти мазкур зиёд мегарданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194