ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
2-юми октябр дар шаҳри Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муҳимияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни ду кишварро таъкид намуда, ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Гурӯҳҳои кории топографӣ дар қисмати боқимондаи сарҳади давлатӣ корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳа идома медиҳанд.
Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатӣ протокол ба имзо расид.
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 дар мавзуи «Тоҷикистон – кишвари энергияи сабз ва иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаи энергетика» ҷаласаи панелӣ баргузор гардид.
Дар он доир ба имкониятҳои соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот дода шуда, вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал-Мазруи барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди соҳаи энергетика изҳори омодагӣ намуд.
Дар хотимаи ҷаласа байни ширкатҳои энергетикии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ «ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО»
Дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ гардид.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне мебошанд, ки на танҳо ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти давлати худ, балки дигар кишварҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ин аст, ки роҳбарони кулли давлатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.
ДАР ДИДБОНГОҲИ ГУМРУКИИ «КОКУЛ» ИНШООТИ МУОСИР СОХТА ШУД
Дар гузаргоҳи сарҳадии «Кокул», воқеъ дар ноҳияи Фархор, иншооти замонавӣ –
дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ ба истифода дода шуд.
Иншоот дар заминаи лоиҳаи «Рушди ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон» бо дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бунёд гардида, барои кормандон муосиртарин таҷҳизот, шароити будубош, санҷишу азназаргузаронӣ ва назоратӣ муҳайё шуд.
КОНФРОНС ДАР МАВЗУИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: вазъ ва дурнамо» конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ, нақшу мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.