ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҚИССАИ ЯК КОСА ЗАРДОЛУИ ҚАНДАК»

«ҚИССАИ ЯК КОСА ЗАРДОЛУИ ҚАНДАК»

04 октябр 2023, Чоршанбе
23
0


Чунин ном дорад китоби тозанашри Сайфулло Маҳкамов, ки аз қиссаҳои саргузаштӣ ва хотираҳои муаллиф дар бораи бузургони илму адаб иборат мебошад. 
Сайфулло Маҳкамов дар китоби нави хеш дар бораи Бобоҷон Ғафуровро ҳурмату эҳтиром кардани Индира Ганди, дӯстии Ғафуров бо Аҳрор Мухторов, инчунин, вохӯриҳои муаллиф бо худи Аҳрор Мухторову устод Лоиқ Шералӣ, ҳузури Фазлиддин Муҳаммадиев дар Истаравшан, шиносоӣ бо Ширин Бунёд қисса кардааст.
Муаллиф ба шарофати заҳмати бардавому пурбаракат, хидматҳои бенуқсашон ҳамчун омӯзгор ва адибу рӯзноманигор силсилаи мақолаҳои пурмуҳтавою ифтихорбарангез дар нашрияҳои ҷумҳурӣ, китобҳои рангину ҷолиб дар мавзуъҳои умда, бавижа, ватандӯстиву таърихдонӣ ва фарҳангшиносӣ, кордониву хоксориаш маҳбуби ҳамагону соҳибэҳтиром гаштааст. Ҳамзамон, ӯ ду маротиба ба сифати вакили маҷлиси вакилони шаҳри Истаравшан баргузида шуда, дорандаи нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.
Китоб ба доираи васеи хонандагон пешбинӣ ва дар матбааи ҶДММ «Озод -2000» чоп шудааст. Қиссаҳои ҷолиби муаллифро аксҳои нодири таърихӣ оро додаанд.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.10.2023 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив