ХАЙРУЛЛО НАСРИДДИНОВ СОҲИБИ УНВОНИ БАЛАНДИ ТОҶИКИСТОН ШУД
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, воқеъ дар шаҳри Тошкент, маросими супурдани унвони баланди Ҳофизи халқии Тоҷикистон ба Хайрулло Насриддинов баргузор шуд.
Унвонро ба ҳунарманд дар ҷамъи аҳли илму фарҳанг ва адабу ҳунар сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода супурд.
– Солҳои охир робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон – ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба унвонҳои олӣ – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидани овозхонҳои маъруфи Ӯзбекистон – шодравон Шералӣ Ҷӯраев, Матлуба Дадабоева ва Мардони Мавлон тасдиқи ин гуфтаҳост, – зикр намуд А. Раҳмонзода. – Бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат яке аз ҳунарпешаҳои мумтоз, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон Хайрулло Насриддинов ба унвони баланди Ҳофизи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
– Ману Хайрулло Насриддинов дар як ноҳия зода шудаем. Сокинони Бойсуни ҳамешабаҳор аз тоҷикону ӯзбекон иборат мебошад. Онҳо асрҳо боз дар фазои дӯстиву рафоқат кору зиндагӣ мекунанд ва чунин анъанаи некро наслҳои нав бо ифтихор ва азми комил давом медиҳанд. Сазовор гардидани Хайруллои азиз ба унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон тамоми дӯстони ӯзбеки вайро низ, хушҳолу хурсанд намуд, – гуфт аснои суханронӣ Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим.
Вай илова намуд, ки Хайрулло Насриддинов солҳои дароз барои ду мардум – тоҷикон ва ӯзбекон хизматҳои шоиста анҷом додааст ва ба ҳар гуна қадршиносиҳои ду мамлакати ҳамҷавор сазовор мебошад. Ба таъкиди ӯ ин овозхон рамзи дӯстии ду халқи бародар аст ва минбаъд низ ин рисолатро давом хоҳад дод.
– Аз лутфу марҳамати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор шуданамро ифтихори бузург ва беназир мешуморам, зеро заҳматҳои хоксоронаи маро он кас бо чунин унвони баланд сазовор донистанд ва ману тамоми мухлисонамро руҳбаланд сохтанд. Минбаъд низ талошҳоямро дар бобати рушди фарҳанг ва дӯстии тоҷикону ӯзбекон тақвият хоҳам дод, – гуфт Хайрулло Насриддинов.
Хайрулло Насриддинов авоили солҳои 70-уми асри гузашта Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, ба ҳайси актёр дар Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Сипас, бо исрори падари шодравонаш ба деҳаи Пусурхии ноҳияи Бойсун баргашта, маросимҳои мардум ва тантанаҳои гуногуни расмиро чи дар Тоҷикистон ва чи дар Ӯзбекистон шукӯҳ бахшидааст.
Маросим дар Сафорати Тоҷикистон бо якчанд сурудҳои дилошӯби Хайрулло Насриддинов анҷом ёфт.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197