СММ афзоиши ММД-и Россияро дар соли 2023-юм 2,2 дарсад пешгӯӣ кардааст
Известия. Россия дар байни кишварҳои G20 яке аз мамлакатҳое хоҳад буд, ки рушди иқтисодии он дар соли ҷорӣ боло хоҳад рафт. Дар ин бора дар гузориши Конфронси Соз-мони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд гуфта шудааст.
"Дар баробари Россия, интизор меравад, ки байни кишварҳои G20 рушди иқтисодии Бразилия, Чин, Ҷопон ва Мексика бо тағйирёбии назаррас хоҳад афзуд”, – гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Бар асоси омилҳои иқтисодӣ афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар солҳои 2023 ва 2024 мутаносибан 2,2 ва 2 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Моҳи сентябр вазири рушди иқтисоди Россия Максим Решетников гуфта буд, ки афзоиши ММД-и Россия дар соли 2023-юм 2,8 дарсад дар назар аст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳафт моҳи соли ҷорӣ, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, динамикаи солона +2,1 дарсадро ташкил дод.
Шавкат Мирзиёев ба Россия ташриф меорад
CentralAsia (UZ). Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Россия рӯзҳои 5-7-уми октябр ҷараён мегирад.
Ин сафар бо даъвати Президенти Россия Владимир Путин анҷом дода мешавад.
Дар Москва музокироти раҳбарони ду кишвар дар назар аст. Мирзиёев, ҳамчунин, бо Раиси Ҳукумати Россия Михаил Мишустин мулоқот хоҳад кард. Рӯзномаи вохӯрии дарпешистода масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқро дар бар мегирад. Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тотористон низ, дар назар аст.
Раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА барканор шуд
Lenta. ru. Палатаи намояндагони Конгресси ИМА раиси худ Кевин Маккартиро аз вазифа барканор кард. 216 вакил ба тарафдории барканории ӯ аз мақомаш ва 210 нафар зид овоз доданд.
Ин бори аввал дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯй дод. Соли 1910 хамин гуна кӯшиш ҳам шуда буд, вале он барор нагирифт. Ҳоло кори қонунгузорони амрикоӣ муваққатан боз дошта шудааст, онҳо бояд номзадҳоро ба мақоми раис барои овоздиҳӣ пешниҳод кунанд, баъд аз он интихобот баргузор мешавад. Ҳамаи ин дар пасманзари номуайянӣ дар бораи маблағгузории Ҳукумати ИМА пас аз қабули буҷети муваққатӣ барои 45 рӯз сурат мегирад, ки кумак ба Украинаро дар бар намегирад.
Вазорати энергетикаи Қазоқистон ба ҳамоҳангсозии стратегияи энергетикии СҲШ умед дорад
ТАСС. Вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Саткалиев зимни анҷумани энергетикии СҲШ дар Остона изҳор дошт, ки Қазоқистон ба ҳамоҳангсозии бомуваффақияти стратегияи рушди ҳамкориҳои энергетикии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) то соли 2030, ки бо ташаббуси Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, таҳия шудааст, умед дорад.
«Ман итминон дорам, ки мо метавонем ин санадро, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои узв, бомуваффақият ба мувофиқа расонем, то онро минбаъд дар нишасти сарварони давлатҳои СҲШ моҳи июни соли 2024 дар Остона ба имзо расонанд, – гуфт Саткалиев. Ба ин муносибат, вай пешниҳод кард, ки бо ҷалби идораҳои манфиатдор ва доираҳои илмии давлатҳои Созмон як гурӯҳи кории доимӣ таъсис дода шавад.