ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

09 октябр 2023, Душанбе
19
0


Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар ба истифода додани як қатор иншооти таъиноташон гуногун ширкат кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, бо иштироки Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ду бинои иловагии мактаб ифтитоҳ гардид. 
Ин иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.
Сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, кормандону мутахассисони соҳаро ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, таъмини истифодаи самараноки замин вазифадор намуд.
Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Абдусолеҳ” ва  "Ҳоҷидавлат" шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагидорон дар кишти аввал парвариши бодирингро ба роҳ монда, тавонистанд 370 сентнер ҳосили хушсифат ба даст биёранд. Дар кишти такрорӣ бошад, парвариши помидори навъи "Замира"-ро ба роҳ монда, аллакай, аз аввали моҳи сентябр ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Кӯшониён, сокинон, ки дар самти парваришу истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ таҷрибаи бой доранд, сол то сол майдони гармхонаҳои мавсимию доимамалкунандаро васеъ карда, ҳаҷми истеҳсолотро афзун менамоянд.
Дар ноҳияи Кӯшониён, инчунин, бинои иловагии таълимии назди МТМУ № 60 ба истифода дода шуд. Зикр гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ давоми соли равон мавриди истифода қарор додани 56 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 1824 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст, ки қисми бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар шаҳри Бохтар меҳмонхонаҳои "Ватан" ва "Boshidan" ба истифода супурда шуданд. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардиданд ва беш аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. 
Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ низ муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи саломатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 дар деҳаи Комсомоли деҳоти Навобод ҷойгир буда, дар он 653 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. 
Дар идома Сарвазири мамлакат аз ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ба номи Н. Бегов дидан намуд. Он яке аз хоҷагиҳои калон дар ҳудуди ноҳия ва вилоят ба ҳисоб рафта, 1506 гектар заминро фаро мегирад. 
Сарвазири мамлакат оид ба тезондани суръати чиниши пахта, бо назардошти барвақт фаро расидани фасли сармо ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.10.2023 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив