ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ПОРА
Боз як “заминфурӯш”- ро ба толори суд бурд
Олимҷон Каримов, раиси Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани 5000 сомонӣ ба сифати пора, дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда давоми фаъолияти кориаш барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 гектар ва гирифта додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ аз шаҳрванд “А” 17000 сомонӣ талаб намуда, қаблан дар ду ҳолат 12000 ҳазор сомониашро гирифтааст.
Дар ин робита, нисбат ба Олимҷон Каримов бо моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
РАШКИ ТАҚДИРСӮЗ
Ҷавобгарии марде, ки ба сари ҳамсараш ханҷар кашид
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан мардеро, ки аз ӯ ҷавони 23-сола ном бурда мешавад, ба гумони суиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, боздоштшуда 9 феврали соли ҷорӣ аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро бо чанд зарби корд сахт маҷруҳ кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гашта, айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.
ДУЗДӢ
Боздошти марде, ки қаблан 5 маротиба суд шудааст
Шаҳрванд Ҳасан Шарифов (соли таваллудаш 1988), ки пеш 5 маротиба суд шудааст, ба гумони дуздии моликияти шаҳрвандон боз ба дасти милитсия афтод.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар медиҳад, ки ӯро кормандони шуъбачаи милитсияи деҳоти Заргари ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён дар асоси аризаи сокинони ҳамин ноҳия дастгир карданд. Боздоштшуда, дар ҳолати ретсидивӣ даст ба дуздии моликияти шаҳрвандони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён задааст, ки маблағи зарар 21000 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ таъкид мекунад, ки Ҳасан Шарифов дар 9 ҳолати содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)