ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023”. ҚАДАМИ НАВ ДАР ГУСТАРИШИ  ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТӢ

“ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023”. ҚАДАМИ НАВ ДАР ГУСТАРИШИ  ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТӢ

09 октябр 2023, Душанбе
27
0


Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии  “Душанбе-инвест 2023” баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” муроҷиат намуда, ба кори он барору комёбиҳо таманно намуданд.
Дар расми ифтитоҳи Форуми мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд.
Дар кори Форум Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Хуснуллин, муовини Сарвазир – роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Галимжан Койшибаев, меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, инчунин, беш аз 600 нафар соҳибкору сармоягузори дохилию хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои панелӣ идома ёфт ва дар он мавзуъҳои “Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе”, “Саноат – омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ”, “Тоҷикистон – мамлакати “энергияи сабз”, "Иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика”, “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя”, “Рушди “иқтисодиёти “сабз”, рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ”, “Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” ва “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ ва табодули афкори иштирокдорони Форум қарор гирифтанд. 
Ҳамзамон, дар баробари дигар панелҳои соҳавӣ, панели чорум дар мавзуи “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ” таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода кори панели чоруми Форуми байналмилалии  “Душанбе-инвест 2023”-ро шуруъ намуда, изҳор дошт, ки ҳадафи баргузории чорабинии имрӯза муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, роҳандозӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин, фароҳамсозии имкониятҳо ҷиҳати рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб ёфта, дар доираи Форуми мазкур баргузории як қатор панелҳо оид ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт ташкил гардидааст, ки дар чаҳорчӯбаи онҳо баимзорасонии созишномаҳо ва ёддоштҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст.
Сипас, номбурда суханро барои пешбурди кори панели чорум ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода вогузор намуд.
Ҳоким Холиқзода изҳор дошт, ки Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” барои баррасии масъалаҳои низоми молиявӣ ва ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои зарурӣ ба ҷалби  бештари  сармоягузорӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар тақвияти робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо сармоягузорони хориҷӣ, баҳодиҳии иқтидори иқтисоди миллӣ, пешбурди фаъолияти босамари соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.
Зикр гардид, ки фаъолияти босуботи низоми бонкӣ яке аз омилҳои калидӣ дар таъмини устувории иқтисодиёти кишвар маҳсуб мешавад ва дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти устувори он тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки ҳадаф аз он мусоидат ба рушди соҳа мебошад. Дар робита ба ин, Ҳоким Холиқзода омодагии низоми бонкии кишварро бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби сармоя бо мақсади таҳкими низоми бонкӣ, ҳамчун артерияи асосии иқтисодиёти кишвар баён намуд.
Бо пешниҳоди Ҳоким Холиқзода аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуъҳои “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар низоми бонкии кишвар. Нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ”, “Бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, инфрасохтор ва дурнамои рушд”, “Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва воситаҳои муосири пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата” – “Таҷрибаи Бонки Эсхата дар маблағгузории самтҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ”, ҶСК “Тавҳидбонк” – “Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъ, имкониятҳо ва дурнамои рушди он”, ҶДММ “ТС Бима” – “Дурнамои ҷалби сармоя ба бозори суғурта”, ҶДММ ТСА “Спитамен Иншурэнс” – “Сармоягузории “Спитамен иншурэнс” ба низоми бонкӣ ва рушди бозори суғурта”, намояндагии БАТР дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон – “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳо” ва намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Амалиётҳо ва стратегияи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ: Фароҳам овардани шароит барои сармоягузории бахши хусусӣ” рӯнамоиҳои муфассал манзур карда шуданд, ки дар атрофи онҳо муҳокимарониҳои ҳирфаӣ доир гардиданд.
Ҳоким Холиқзода зимни ҷамъбасти кори панели чорум аз иштирокдорони Форуми мазкур даъват ба амал овард, ки барои амалӣ гардондани вазифаҳои муштараки умумӣ ва ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкории мутақобилан судманди шарикӣ фаъолона ҳамкорӣ намоянд.
Дар анҷоми ҷаласаи панели чорум маросими баимзорасонии Харитаи роҳ оид ба амалисозии лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” барои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид, ки онро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва намояндаи доимии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов имзо намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив